Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон истеъфои Қамчибек Тошиевро талаб карданд


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Як созмони мухолиф дар Қирғизистон истеъфои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиевро талаб кардааст.

Масъулони "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ" рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, аз қарори бардоштани чаҳор посгоҳ дар минтақаҳои сарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон норозиянд.

Раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр дар пайванд ба сарҳад санади нав имзо карданд. Ҷониби Тоҷикистон онро "қатъи муноқиша дар марз" номид. Қамчибек Тошиев дар бораи бардоштани ҳашт посгоҳ (чаҳор посгоҳӣ аз ду тараф) хабар дод.

Гап дар бораи "Бедак", "Кех", "Қарачиқум" ва "Шаршара"-и Тоҷикистон ва "Тамдиқ", "Булак-Бошӣ", "Катта-Туз" ва "Дача"-и Қирғизистон меравад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бовар доранд, бо бардоштани посгоҳҳо манбаи низоъро аз байн мебаранд, "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ" гуфтааст, "сокинони Бодканд бе ҳимоят монданд".

"Дар 30 соли истиқлол кишвари мо ҳеч гоҳ ба чунин вазъи душвор дучор наомада буд, ки ҳоло рӯбарӯ шудааст. Қарорҳои қабулшуда ва санадҳои имзокардаи Тошиев бо мавқеи президент дар Созмони Милал мухолифанд," -- омадааст дар эъломияи Ҷунбиш.

Масъулони созмон дар баробари истеъфои Қамчибек Тошиев ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯро низ хостаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳороти "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ"-ро шарҳ надодааст.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сар зад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, беш аз 40 ғайринизомӣ кушта ва дусад нафари дигар захмӣ шуданд, вале омори низомиёни ҳалокшударо нагуфт. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, мақомоти маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати 74 қурбониро таҳия кард.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса 62 кас кушта, тақрибан 200 нафар захмӣ ва садҳо иншоот қисман ё пурра вайрон шуданд.

Ду тараф якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

  • Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
  • Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG