Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: Тоҷикистон фалаҷи атфолро решакан кард


Созмони ҷаҳонии тандурустии (СҶТ) вобаста ба СММ мегӯяд, Тоҷикистон тавонист фалаҷи атфолро решакан кунад ва воксинаҳои бо ёрии донорҳои байналмилалӣ ба ин кишвар ҳам бурдашуда дар анҷоми маъракаи эмгузаронӣ мусоидат кардааст.

СҶТ рӯзи 16-уми сентябр навишт, ки моҳи июн Тоҷикистон дар қатори 20 кишвари дигаре, ки дар он ҷо ҳодисаҳои фалаҷи атфол ошкор шудааст, дар ҳаҷми 370 миллион воя воксинаи зидди полиомиелитро дарёфт кард ва маъракаи эмкунии кӯдаконро барпо намуд.

СҶТ мегӯяд, пандемияи COVID-19 нақшаву барномаҳои эмгузаронии аҳолии сайёраро ба муқобили полиомиелит бебандубор кард, аз ин рӯ, дар бархе ҳолатҳо назорати ин вирус имконнопазир шуд.

Дар миёни кишварҳое, ки ҳамоно бо ҳолатҳои зиёди бемории фалаҷкунандаи асаб ва пою даст рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла, Афғонистон ёд мешавад, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст. Мутахассисони ин созмон таъкид мекунанд, ки ҳатто “як ҳолати гирифторӣ ба фалаҷи атфол чун бурузи беморӣ арзёбӣ мешавад ва мавриди нигаронии мутахассисони тиб мегардад”.

Дар бораи Афғонистон изҳороти СҶТ мегӯяд, ҳарчанд шумори кӯдакони аз воксинаи зидди полиомиелит маҳрумшуда камтар мешавад, вале ҳамоно хатари паҳншавии он дар миёни шумори бештари аҳолӣ зиёд боқӣ мемонад.

Моҳи августи имсол СҶТ аз волидон хост, фарзандони эмнашудаашонро зидди фалаҷи атфол ё полиомиелит ҳарчи зудтар эм кунанд. Ин созмон мегӯяд, ки ҳатто дар ҳолати пурра решакан шудани ин беморӣ ҳам хатари сироят кардани он аз афроди бемор боқӣ мемонад ва чунин ҳолат ҳоло дар шари Ню-Йорки ИМА мушоҳида шуд. СҶТ моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба як навъи фалаҷи атфол сабт шудааст ва пайдоиши он метавонад, ба навъҳои ошкоршуда дар Афғонистону Покистон рабт дошта бошад.

XS
SM
MD
LG