Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон навъи хатарноктарини фалаҷи атфол ошкор шуд. Чаро дар Тоҷикистон ҳам бояд донанд?


Карочии Покистон, маъракаи эмкунии зидди фалаҷи атфол
Карочии Покистон, маъракаи эмкунии зидди фалаҷи атфол

Мақомоти тандурустӣ дар Покистон гуфтанд, ки намунаҳои нави ваҳшии полиомиелитро дар ин кишвар ошкор кардаанд. Ин хабар боиси он шуд, ки нахуствазири тоза интихобшуда Шаҳбоз Шариф ҷаласаи изтирории мақомоти хадамоти фавқулоддаро барои муқобила бо сирояти нав даъват кард. Ба гуфтаи мақомот дар Покистон, ахиран як писарбачаи 15-моҳа бо нишонаҳои бисёр сахт сирояткунандаи вируси полиомиелит дар ноҳияи Вазиристони Шимолӣ бистарӣ гардид. Шаҳзод Баиқ, раҳбари Маркази миллии муқобила бо полиомиелит ё фалаҷи атфол гуфт, ки дар 15 моҳи ахир ин аввалин ҳолати тасдиқшудаи гирифторшавии сокини маҳаллӣ ба шакли бисёр сангин ва ваҳшии ин беморӣ мебошад. Баиқ гуфт, ки аз шунидани ин хабар бисёр нороҳат шудааст.

Афғонистону Покистон ду кишваре мебошанд, ки аз назари олудашавии сокинонаш ба шакли ваҳшии фалаҷ ё полиомиелит бештар азият мешаванд, ҳарчанд ба арзёбии мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, мубориза бо пешгириву паҳншавии фалаҷ дар ин кишварҳо натиҷа медиҳад. Дар ин ду кишвари ҳамсоя гоҳо гурӯҳҳои силоҳбадаст монеи эмшавии кӯдакон бар зидди фалаҷи атфол мешаванд, бахусус ҳолатҳои дар минтақаҳои русто ҳамла кардани ин гурӯҳҳо ба тимҳои тиббӣ ҳам кам нест.

Нигаронӣ аз ошкоршавии навъи хатарноктари ваҳшии полиомиелит дар Покистон дар ҳолест, ки бархе кишварҳои ҳамсоя ҳам метавонанд таҳти хатари он қарор бигиранд. Аз ҷумла, ба қавли мутахассисони тиб, дар сурати паҳн шудани ин вирус хатари ба кишварҳои мисли Тоҷикистон ҳам роҳ ёфтани он вуҷуд дорад. Бо ин ки дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ эмкунии кӯдакони то панҷсола бо воксинаи зидди фалаҷи атфол ҳатмӣ мебошад ва зери назорати мақомоти беҳдошт қарор дорад, ҳолатҳое кам нест, ки бархе хонаводаҳо монеи эмкунии фарзандонашон мешаванд. Табибон чунин мавқеъгирии муҳофизакоронаро хеле хатарнок ва натиҷаи ҷаҳолат меноманд ва мегӯянд, ки тифли аз фалаҷ эмнашуда баъди чанд сол бо хатари сироятшавӣ ба ин беморӣ рӯбарӯ мешавад, ки дасту по ва мағзи сарашро асар мекунад. Бархе навъҳои фалаҷ аз кӯдакон ба калонсолон ҳам сироят мекунанд.

Моҳи марти соли 2021 Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба навъи дуюми фалаҷи атфолро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд. Шоҳин Ҳусейнов, мутахассиси фалаҷи атфол дар дафтари аврупоии СҶТ он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пайдоиши намунаҳои ин вирус дар Тоҷикистон метавонад ба вуҷуди онҳо дар Афғонистону Покистон рабт дошта бошад. Ҳусейнов гуфт, танҳо дар соли 2020 дар Афғонистон 320 ва дар Покистон 100 кӯдак ба ин вирус гирифтор шуданд. Вирусе, ки дар Хатлон ошкор шуд, аз лиҳози генетикӣ ба вируси Покистон рабт дорад, гуфта буд ӯ.

Мутахассисони тиб аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон тақозо мекунанд, ки кӯдакони худро зери назари муассисаҳои тиббии маҳаллӣ қарор дорад, ҳама воксинаҳои зарурии расман машваратшударо қабул кунанд. Дар робита бо фалаҷ Ҳусейнов машварат медиҳад, ки «агар волидон надонанд, ки фарзандашон ин ваксинаро гирифтааст ё на, беҳтараш як бори дигар гиранд. Ин ваксина зарар надорад. Агар бештар гиранд, айб ҳам надорад», гуфт ин мутахассиси тиб.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG