Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки рӯзи 1-уми август дар ду ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Хайбар Пахтунхва як маъмури полис кушта ва дигаре захмӣ шудааст. Онҳо амнияти пизишконеро, ки кӯдаконро ба зидди фалаҷ эм мекарданд, таъмин менамуданд.
Ифтихор Хон, раиси полиси минтақа, гуфт, мусаллаҳон савори мототсикл ҳамлаҳои худро анҷом доданд.
Масъулияти ҳамлаҳоро, ки яке дар Пешовар ва дигаре дар Вазиристони Ҷанубӣ рух додааст, гурӯҳи ҷангҷӯи “Таҳрики Толибон” ба дӯш гирифт.
Мақомоти тандурустӣ гуфтанд, ки 30-юми июл дар минтақаи Хайбар Пахтунхва маъракаи панҷрӯзаи эмкунии 3,7 миллион кӯдаки то панҷсола бар зидди фалаҷ роҳандозӣ шуд.
Ҷангҷӯён дар гузашта ҳам кормандони тими зидди фалаҷро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Ба иддаои ҷангҷӯён, эмкунӣ як тавтеаи ғарбиҳо барои безурёт кардани кӯдакон дар Покистон мебошад.
Покистону Афғонистон ду кишваре дар ҷаҳон ҳастанд, ки шумори гирифторон ба полиомиелит ё фалаҷи атфол дар ин кишварҳо зиёд аст.
Талоши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои решакан кардани ин беморӣ дар ҳолест, ки гоҳе дар кишварҳои дигаре ба мисли Тоҷикистон ҳам мавридҳои гирифторӣ ба фалаҷи атфоли ошкоршуда дар Покистон ё Афғонистон сабт мешавад.
Дар баёнияи созмон, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, омадааст, аз 22-юми ноябри соли 2020 то 13-уми июли имсол 15 мавриди сирояти фалаҷи атфол ба кӯдакон дар Тоҷикистон сабт шудааст. Масъулон гуфтанд, ин навъи беморӣ аз он навъи фалаҷ будааст, ки дар Покистон зиёд мушоҳида мешавад.
Омори мазкур дар ҳоле нашр шуд, ки ба иттилои СҶТ, дар Тоҷикистон аз поёни соли гузашта то тобистони имсол беш аз 99 дарсади кӯдакон ваксина гирифтанд.