Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик сабаби пайдоиши фалаҷи кӯдаконро шарҳ доданд

Табибон мегӯянд, агар кӯдак баробари таваллуд шудан зери назари табибон воксинаи зидди фалаҷи атфолро нагирад, хатари гирифторшавии ӯ ба ин беморӣ зиёд мешавад. Ин беморӣ ба асаби кӯдак сироят карда, дасту пои тифлро шал ё фалаҷ мекунад

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву беҳдоштии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, сабаби пайдоиши ҳолатҳои олудагӣ ба полиомиелит ё фалаҷи атфоли навъи 2 дар ин кишвар он аст, ки ин кӯдакон сари вақт ваксина нагирифтаанд. Ба гуфтаи ин мақомдор, ҳолатҳое ҷой доранд, ки волидайн аз эмкунии кӯдаконашон даст мекашанд ё ин ки нафарони калонсоли хонавода намегузоранд, кӯдакон зидди ин беморӣ эм карда шаванд.

Ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар сомонаи худ аз хуруҷи бемории фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати гирифторӣ дар вилояти Хатлон ва моҳи март дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст. То ин дам соли 2010 дар Тоҷикистон ҳодисаҳои паҳншавии фалаҷ дар миёни атфоли то 5-сола сабт гардида буд. Баъди кӯмаки созмонҳои беҳдоштии байналмилалӣ дар муқобила бо ин маризӣ, соли 2011 Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тоҷикистонро орӣ аз полиомиелит эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG