Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб як саги эҳтимолан "ҳор" 16 нафарро газидааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар шаҳри Кӯлоб як саги ҳор ва ё девона 16 нафарро газида маҷруҳ кардааст. Ҷамшед Рафиев, сардори Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр маҳаллаи Даминзода рух додааст ва ҳамаи маҷрӯҳон, дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Рафиев гуфт, ки осебдидагон ваксинаи заруриро гирифтаанд ва таҳти нигоҳубини табибон қарор доранд. Ӯ афзуд: “Мо маҷруҳонро назорат ва ваксина кардем. Сари сагро барои ташхис ба Душанбе фиристодем ва бояд ташхис дақиқ кунанд, ки саг чӣ беморӣ дошт.” Анзурат, як сокини Кӯлоб мегӯяд, ки дирӯз дар бемористон як мардро дид, ки мегуфт ӯро саг гирифтааст ва аз дастонаш хун ҷорӣ мешуд:

“Ман дирӯз дар қабулгоҳи бемористон будам, ки як мард омад ва дастонаш печонда шуда буд. Табибон пурсиданд, ки чӣ шудааст, гуфт, ки саг гирифт.”

Табибон мегӯянд, тарси онҳо ҳам дар он аст, ки ин саг гирифтори ҳорӣ набошад. Бемории ҳорӣ бемории сироятии хатарнок аст ва дар сурати таъхир дар муолиҷа барои инсон марговар буда метавонад. Ваксина ва муолиҷаи саривақтӣ роҳи осони шифои осебдидагон аст. Дар Хадамоти санитариву эпидемиологии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки дар миёни 16 нафар кӯдакон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG