Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон


Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 1-уми сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Тоқаев, "барои иҷрои муваффақонаи ислоҳоти решаӣ ва сартосарӣ дар масири бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст".

"Барои ман манфиати давлат аз ҳама болотар меистад ва бинобар ин, омода ҳастам, ки муҳлати ваколатҳои худро коҳиш дода, вориди интихоботи пешазмуҳлати президентӣ шавам", - изҳор дошт вай.

Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, "тавсия" медиҳад, ки муҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд карда шавад. "Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисори қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад", - илова кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG