Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Оҷонс ба дидани Запорожия мераванд


Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия
Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия

Ҳайати нозирони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ин ҳафта ба дидани нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия меравад.

Бархӯрдҳои гирду атрофи ин пойгоҳ хавфи фоҷеаи ҳастаиро бештар кардааст.

Киев ва Маскав якдигарро масъули оташборони минтақаҳои гирду атрофи пойгоҳ номидааанд.

Раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Рафаел Гросси дар Твитер навишт, ҳайати нозирон дар роҳ аст.

Бо оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия аз тарафи нерӯи Русия ишғол шудааст.

Гросси таъкид кардааст, ки нозирон ҳангоми боздид аз бузургтарин пойгоҳи ҳастаии Аврупо зиёни расида, амнияти таҷҳизот, вазъи коргарон ва чораҳои дигари заруриро арзёбӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG