Ҷозеп Боррел, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар ёддоште навиштааст, ки шароити мардуми Афғонистон ниҳоят бад аст.
Дар ин ёддошт, ки дар сомонаи расмии Кумисюни Аврупо нашр шуд, омадааст: "Толибон тайи як соли гузашта ҳеч нишонае аз эътидолгароӣ нишон надода, балки баръакс амал карданд. Бар хилофи ваъдаҳое, ки дар аввал дода буданд, духтарон аз таҳсил манъ шудаанд. Бахшҳои калоне аз кишвар дучори гуруснагӣ аст (70 дарсади аҳолӣ), бисёре аз афғонҳо бо тарсу нигаронӣ ё дар табъид зиндагӣ мекунанд."
Боррел дар идома гуфтааст, "ин комилан қобили дарк аст", ки чаро то ба ҳол бо вуҷуди дархостҳои Толибон, "ҳеч кишваре, ҳатто Покистон ё Қатар" Толибонро дар ин кишвари ҷангзада "ба расмият нашинохтаанд".
Толибон рӯзи 15-уми августи соли 2021, пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ, бори дигар қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Онҳо дар солҳои 90-ум низ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳокимият доштанд.
То ба ҳол ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Раҳбарони Толибон, ки дар ибтидо иддао карданд, нисбат ба гузашта муътадилтар ҳастанд, баъди ба қудрат расидан ба ифротгароии худ идома доданд, аз ҷумла, ҳуқуқи занонро зери по гузоштанд, озодии расонаҳоро аз байн бурданд ва мухолифони худро ба зиндон андохтанд.
Ҷоззеп Боррел дар идомаи ёддошти худ навишт, "мардуми Афғонистон бинобар дар ҳошия қарор гирифтани кишвари худ баҳои сангине мепардозанд. Сатҳи ёриҳои башардӯстона нисбат ба ниёзмандиҳои ин кишвар ночиз аст".
Ахиран се ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар пайи беҳбуди зиндагии занон ва кӯдакон дар саросари ҷаҳон ҳастанд, Толибонро ба шиддат танқид карда, гуфтанд, ки тайи як соли охир ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар Афғонистон аз байн рафтааст.
Гуфтугӯ