Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе аз мушкилоти бонувони рӯзноманигор гуфтанду ҷоиза доданд


Рӯзи ҷаҳонии озодии баён шуморе аз рӯзноманигорони зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Қирғизистону Туркманистонро дар Душанбе дар як нишаст гирди ҳам овард.

Имсол мавзӯи нишаст ба мушкилот ва ҳузури занон дар журналистика бахшида шуд.

Бархе аз сафирони кишварҳои ғарбии муқими Душанбе низ дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигорони зиндониро кард.

Мақомот дар ду соли ахир, пас аз ҳодисаҳои хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳашт рӯзноманигору блогнависро ба зиндон маҳкум карданд. Дар ин миён Улфатхоним Мамадшоеваи 66-сола, рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоӣ моҳи декабри соли 2022 ба 21 сол зиндонӣ шуд.

Улфатхоним Мамадшоеваро бо ҳукми додгоҳ дар робита бо ҳодисаҳо дар ВМКБ дар соли 2022 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ пеш аз ҳабс гуфт, ҳеҷ қонуншикание накардааст
Улфатхоним Мамадшоеваро бо ҳукми додгоҳ дар робита бо ҳодисаҳо дар ВМКБ дар соли 2022 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ пеш аз ҳабс гуфт, ҳеҷ қонуншикание накардааст

Мақомот Мамадшоеваро баъд аз нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тобистони соли 2022 бо гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳоми дигар ба зиндон маҳкум карданд. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шуданаш Мамадшоева ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад.

Ҳарчанд созмондиҳандагони нишаст, зарурати ба таври ҷудогона матраҳ кардани мавзӯи занони рӯзноманигорро таъкид карданд, аммо аз сарнавишти Улфатхоним Маҳмадшоева ёд нашуд.

Мушкилоти хоси бонувони журналист дар Тоҷикистон

Гулнора Амиршоева, роҳбари созмони “Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон”, ки созмондиҳандаи асосии ин нишаст буд, мегӯяд, ки проблемаи журналистика дар Тоҷикистон ба мардонаву занона тақсим мешавад.

Гулнора Амиршоева, раиси “Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон”
Гулнора Амиршоева, раиси “Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон”

«Журналистика як касби мураккабест, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳама дар он бо мушкилоти сахт, чӣ зану чӣ мард рӯ ба рӯянд. Вале Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон барои он ташкил шудааст, ки бештар дар бораи орзуҳо ва хостаҳои маҳз рӯзноманигорони зан тамаркуз кунад».

Бархе аз коршиносон мегӯяд, занони журналист дар вақти кор бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд ва инро набояд нодида гирифт.

Лола Олимова, сардабири Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон бар ин аст, ки сол то сол шумораи занони рӯзноманигор дар Тоҷикистон кам мешавад.

Лола Олимова, сардабири IWPR дар Тоҷикистон
Лола Олимова, сардабири IWPR дар Тоҷикистон

“Онгуна ки мушоҳида мешавад, дар журналистикаи мустақил занҳое, ки бо журналистикаи ҷиддӣ сару кор мегиранд, шуморааш кам шудааст ва занҳои ҷавон касби журналистикаро интихоб намекунанд”.

Аз сӯи дигар, бархе аз коршиносону рӯзноманигорон ба мушкилоте, аз ҷумла мавҷудияти қолабҳои ҷинсиятӣ, имкони кам барои худсозӣ ва рушди касбиву мансабии занони рӯзноманигор таъкид мекунанд.

“Дар мо дар идораи расонаҳо чунин қабул шудааст, ки занҳо масоили комилан иҷтимоиро инъикос мекунанду мардҳо масоили иқтисодиву сиёсӣ ва боқиро пайгирӣ мекунанд. Табиист, ки дар чашми мухотабон мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ ҷиддитару ҷолибтаранд. Аз ин хотир чунин мешавад, ки ҳамеша рӯзноманигори мард мақоми болотаре дорад», - мегӯяд Лилия Гайсина, яке аз масъулони Интернеюс дар Тоҷикистон.

Ҷоизаҳои хабарнигорон

Дар нишаст аз сӯйи намояндаҳои ҷомеаи рӯзноманигорӣ Ёддошти таъсиси “Эътилофи занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ” ба имзо расид.

Зебо Тоҷибоева сардабири вебсайти your.tj барадаи ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева шуд
Зебо Тоҷибоева сардабири вебсайти your.tj барадаи ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева шуд

Дар поёни нишаст ҷоизаҳо супурда шуд. Ҷоизаи Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон ба номи Бӯриниссо Бердиева имсол ба Зебо Тоҷибоева, раҳбари пойгоҳи расонаии Your.tj тақдим шуд.

Ҷоизагирҳои дигар - Меҳрангез Турсунзода аз Your.tj, Дилафрӯзхон Расулӣ аз радиои «Суғд», Саида Раҳимӣ аз ТВ “Ҷаҳоннамо”, Фарзона Муродӣ аз СМТ, Фарзона Шамсиева, Нодира Собирзод аз Your.tj, Меҳрангез Султонзода аз «Азия-Плюс», Мавзуна Муҳаммадалӣ аз «Илм ва ҳаёт», Алия Ҳамидуллина аз «Азия-плюс» ва дигарҳо мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG