Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хост, ҷомеаи ҷаҳонӣ мардуми Афғонистонро танҳо нагузорад


Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, дар наздикии марз бо Афғонистон. Моҳи июли 2021
Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, дар наздикии марз бо Афғонистон. Моҳи июли 2021

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳони ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон шудааст. Ҷое, ки беш аз як сол боз зери итоати гуруҳи тундрави Толибон аст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми август ва дар суҳбат бо дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ мардуми Афғонистонро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад.

"Омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд," – хабар дод дафтари матбуоти президент.

Тоҷикистон ҳукумати Толибонро, ки моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф кард, қабул надорад ва баръакс пуштибонии худро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер эълон кардааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ягона нерӯе дар Афғонистон аст, ки муқобили Толибон меҷангад.

Мақомдорони Толибон борҳо ба Тоҷикистон таҳдид кардаанд, ки ба корҳои дохилии онҳо дахолат накунад. Ҷониби Тоҷикистон дар марз чанд тамрини низомӣ гузаронда, эълон кардааст, ки омодаи ҳифзи сарҳади худ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG