Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддаои Эронро беасос хонд, ки мегӯяд, Вашингтон музокироти ғайримустақимро барои эҳёи созиши атомии соли 2015 ба таъхир меандозад.
Дипломатҳои амрикоӣ гуфтанд, саъй доранд, ба ҳадди мумкин ба тарҳи пешниҳодҳои Эрон, ки Иттиҳоди Аврупо ба Амрико ироа кард, зудтар посух бигӯянд.
Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 22-юми август гуфт, Амрико аз даст кашидани Эрон аз баъзе хостаҳо, аз ҷумла берун кардани Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз феҳрасти созмонҳои террористӣ ташвиқ шудааст, вале масоили дигаре ҳаст, ки бояд ҳал шавад.
Прайс дар ин бора чанд соат баъд аз иддаои мақомоти Эрон сухан гуфт, ки изҳор доштанд, Амрико музокиротро дар бораи эҳёи созиши таърихии атомӣ бо Эрон ба таъхир меандозад.
Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, дар нишасти хабарие дар Теҳрон дар рӯзи 22-юми август гуфт, фақат чанд масъала, вале бисёр муҳим дар музокирот мондааст, ки бояд ҳал шавад.
Ҷозеп Боррел, дипломати баландпояи Иттиҳоди Аврупо гуфт, мумкин аст, музокирот дар бораи барномаи атомӣ бо Эрон ҳамин ҳафта баргузор шавад.
Гуфтугӯ