Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки дар сӯҳбат бо президенти Русия Владимир Путин аз хатарҳои амниятии атрофи нирӯгоҳи атомии Зпорожйе дар Украина, ки ҳоло зери назари нирӯҳои Русия қарор дорад, изҳори назар кард ва, ба гуфтааш, Путин розӣ шуд, ки мутахассисони ҳастаии Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаиро барои боздид аз ин макон иҷоза диҳад. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки ду раҳбар дар сӯҳбати телефонии 19-уми август вазъ дар Украинаро ҳам баррасӣ карданд ва дар рӯзҳои наздик гуфтугӯҳо идома меёбанд.
Нирӯгоҳи Запорожйе баъди муддати кӯтоҳе аз шурӯи ҷанг дар таърихи 24-уми феврал аз ҷониби нирӯҳои русӣ ишғол шуд. Ин бузургтарин нирӯгоҳ дар Аврупо буда, чанд ҳафтаи ахир дар атрофи он низоъҳои мусаллаҳона идома доранд. Ин ҳолат нигаронӣ аз рӯй додани фоҷеаи атомиро ба вуҷуд овардааст. Украина ва Русия ҳамдигарро дар оташи атрофи корхона айбдор мекунанд.