Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани беш аз 100 сарбози Русия дар ҷанги Херсон


Херсон, 20-уми июли 2022
Херсон, 20-уми июли 2022

Артиши Украина рӯзи 30-юми июл гуфт, дар ҷанг дар вилояти ҷанубии Херсон беш аз 100 сарбози русро кушта, ду анбори муҳиммотро нобуд карданд.

Фармондеҳии артиш дар ҷануб гуфт, ҳаракат тавассути роҳи оҳан ба Херсон низ "бурида шуд". Ин роҳ аз болои дарёи Днепр мегузарад.

Украина тайи ҳафтаҳои охир аз системаҳои мушакии дурпарвозе истифода мекунад, ки аз Ғарб гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар набардҳои рӯзи 29-уми июл дар ҷануби Украина тақрибан 170 сарбози рус кушта ва 7 тонк нобуд карда шудааст.

Даъвоҳоро мустақилона тасдиқ кардан имконнопазир аст.

Вилояти Херсон, ки бо Қрими ишғолшуда ҳаммарз аст, пас аз ҳамлаи 24-уми феврали имсол ба дасти русҳо гузашт.

Нерӯҳои Украина талош доранд, ин вилоятро аз нерӯҳои таҷовузгар бозпас гиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG