Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия 42 зан ва 104 кӯдаки ҷангҷӯёнро ба Тоҷикистон дод


Сурия. Урдугоҳи занони ҷангӯён
Сурия. Урдугоҳи занони ҷангӯён

Мақомоти Сурия 146 узви хонаводаи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурдааст.

Онҳо то ин дам дар урдугоҳи Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол) дар вилояти Ҳасакаи Сурия нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ин бора нашрияи "Ал-Ватан"-и Сурия рӯзи 25-уми июл хабар дод.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, 42 зан ва 104 кӯдакро ба зудӣ аз Димишқ ба Душанбе меоранд.

Ҷараёни ба Тоҷикистон супурдани онҳо миёни Вазорати корҳои хориҷии Сурия, созмони Ҳилоли Аҳмар ва намояндагии Тоҷикистон дар Кувайт ҳамоҳанг шудааст.

Дар паноҳгоҳи Рож ва Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол)-и Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷикро нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд.

Занон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро ба кишвар баргардонанд.

Пештар Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд. Даҳҳо зани тоҷик дар он кишвар ба зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG