Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 кас дар Кӯлоб. "Барои харгӯш хона месохтанд, зери хок монданд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдаку наврас, ки се нафари онҳо узви як оила будаанд, дар зери хок мондаву ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ҳодиса 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рӯй дод.

Мақомот гуфтанд, онҳо хостаанд, хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд, "аммо кӯҳпора чаппа шуда, ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд."

Сокинони маҳаллӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун овардаанд.

Яке аз онҳо 45 ва дигарон аз 6 то 12 сол доштанд.

XS
SM
MD
LG