Аз шурӯи ҷанги Русия зидди Украина шаш моҳ мегузарад ва ба назар намерасад, ки Маскав, ки бо камбуди нирӯву муҳимоти низомӣ рӯбарӯ аст, шиддати ҳуҷумашро кам карда бошад. Ҳуҷумҳои Русия ҳамзамон аз шимол, ҷануб ва шарқ идома дорад. Украина батакрор мегӯяд, ки барои барқарор кардани назорат бар қаламравҳои аздастрафта талош хоҳад кард.
Дар гузориши рӯзи 25-уми июли вазорати дифои Бритониё омадааст, ки дар минтақаи таҳти назорати русҳо гузаштаи Херсон ҷангҳои “бенатиҷа” идома дорад, чун норасоии кадрҳо намегузорад, ки фармондеҳони рус самти ҳуҷумҳои баъдиро тағйир диҳанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар паёми телевизионии шаби 24-уми июлаш гуфт, ки нирӯҳои онҳо “қадам ба қадам” ба минтақаи ишғолшудаи Херсон, ки дар минтақаи стратегии дарёи Днепр ҷойгир аст, наздик мешаванд.