Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба коронавирус гирифтор шудааст


Ҷо Байден, президенти ИМА

Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба навъи сабуки коронавирус гирифтор шудааст.

Дар Кохи Сафед гуфтанд, рӯҳияи президент хуб аст ва бемориро сабук пушти сар мекунад.

Рӯзи ҷумъа Байден вақте бо сармушовири иқтисодии худ суҳбат мекард, чанд бор сулфид, вале гуфт, ки “худро хуб ҳис мекунад.”

Мақомдорони амрикоӣ гуфтаанд, ки Ҷо Байден бо фосила аз атрофиён ба кори худ давом медиҳад.

Дар Кохи Сафед даҳҳо нафареро, ки бо Байден наздикӣ доштанд, озмоиш карданд, вале ба гуфтаи мақомот, дар ягон нафари онҳо гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG