Комиссияи махсуси "мубориза ба зидди истифодаи ғайриқонунии захираҳои иқтисодӣ" дар Қазоқистон мегӯяд, дар давоми як моҳи фаъолияти худ тақрибан 230 миллиард тангаро "ба буҷаи давлат баргардондааст".
"Барои мисол, дар доираи парвандае, ки Оҷонси зидди мубориза бо фасод дар Қазоқистон тафтиш кардааст, айбдоршавандагон аз Люксембург зиёда аз 170 миллион долларро ихтиёран баргардонданд. Мақомоти тафтишотӣ дар доираи парвандаҳои дуздии амволи "Қазоқтелеком" ва Маркази хизматрасонии нақлиётӣ тақрибан 36 миллиард тангаро ба давлат баргардонданд", - гуфта шудааст дар иттилоияи комиссия.
Дар комиссия гуфтанд, Додситонии кулли Қазоқистон тафтиши парвандаҳои пурсарусадоеро, ки бо гумони "қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ дар ҳаҷми калон” боз шудаанд, таҳти назорати махсус гирифтааст.
Дар доираи ин парвандаҳо ҷияни боздоштшудаи раисиҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Кайрат Сатиболдӣ, ҳамсари собиқи ӯ Гулмира Сатиболдӣ, қудои пешини духтари Назарбоев Кайрат Боронбоев ва ҳамчунин раҳбарияти ширкати "РОП LLP", ки ба духтари хурдии Назарбоев Алия Назарбоева рабт дода мешавад, ба ҳайси гумонбар иштирок доранд.