Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чингизи бузург"-ро дар Қирғизистон то 7 сентябр ба ҳабс гирифтанд


Чингиз Ҷумъагуловро 15-уми июл дастгир карданд
Чингиз Ҷумъагуловро 15-уми июл дастгир карданд

Чингиз Ҷумъагулов, яке аз ҷинояткорони бонуфузи Қирғизистон, ки ахиран дар шаҳри Бишкек боздошт шуд, то 7-уми сентябри имсол дар ҳабс мемонад.

Дар ин бора қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон содир шудааст.

Кумитаи амнияти иллии Қирғизистон рӯзи 15-уми июл гуфт, Чингиз Ҷумъагулов, ки бо лақаби “Чингизи бузург” маъруф аст ба “таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва ғорати пайвастаи пули зиёд аз соҳибкорон” муттаҳам мешавад.

Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки Ҷумъагулов дар як тирандозӣ дар ҳошияи шаҳри Бишкек ҳузур доштааст. Ҷинояткори бонуфузи 41-сола бо гуруҳи дигари бузургтари ҷиноӣ таҳти раҳбарии Қамчӣ Колбаев иртибот доштааст.

Колбаевро моҳи марти соли 2020 ба иттиҳоми ташкили созмони муташаккили ҷиноӣ дастгир карданд, вале моҳи октябри соли 2020 ғайриинтизор раҳо шуд.

Сафорати Амрико дар Бишкек бо изҳори нигаронӣ аз ин кор гуфт, ки Қамчӣ Колбаев як ҷинояткори байнулмилалӣ аст, ки ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва қочоқи инсону ҷиноятҳои дигар машғул мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико соли 2014 барои маълумот дар бораи механизмҳои муомилотии Колбаев ва роҳҳои барҳам задани онҳо 1 миллион доллар подош ваъда кардааст.

XS
SM
MD
LG