Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо хариди тилло аз Русияро бас мекунад


Иттиҳодияи Аврупо дар идомаи таҳримот ба зидди Русия хариди тилло аз ин кишварро манъ мекунад.

Пешниҳоди Кумиссиёни Аврупо барои манъи хариди тиллои Русия рӯзи 15 -уми июл сурат гирифт ва як навъ мутобиқ кардани талошҳо бо таҳримоти ҳафт кишвари пешрафти саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 7 ва дигар шарикони Иттиҳодияи Аврупо аст.

Гуруҳи мазкур моҳи июн эълон кард, ки хариди тилло аз Русияро манъ мекунад. Ҳукумати Бритониё мегӯяд, соли гузашта Русия аз ҳисоби фурӯши тилло 15 миллиард доллар ба даст овардааст.

Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, Иттиҳодияи Аврупо шаш дафъа ба зидди Маскав таҳрим эъмол кард ва аз ҷумла соҳаҳои иқтисод, молия, Бонки Марказӣ, намояндагони ҳукумат, худи раиси ҷумҳур Владимир Путин ва атрофиёни ӯро ҳадаф гирифт. Пешниҳоди манъи хариди тилло аз Русия рӯзи 18-уми июл дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG