Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти гандуми Украина, мумкин аст, ҳафтаи оянда сар шавад


Истанбул, Туркия, 13-уми июли 2022
Истанбул, Туркия, 13-уми июли 2022

Ҳайатҳои Украина, Русия ва Туркия, инчунин, намояндагони Созмони Милал рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Истанбул масъалаи кушодани роҳи баҳриро барои содироти гандуми Украина баҳс карданд. Дар ин мулоқот созиш ҳосил шудааст.

Ҳайатҳо розӣ шудаанд, ки "дар ҳудудҳои берун аз марзҳои ҷуғрофӣ" низоми оташбасро риоя кунанд ва роҳҳои баҳриро қисман аз бомбаҳои обӣ поккорӣ намоянд. Дар ин бора The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар дод.

Ба иттилои нашрия, гандумро мумкин аст, аз 3 бандари Украина содирот кунанд. Ба илова, нерӯҳои низомии Туркия киштиҳои холиеро тафтиш хоҳанд кард, ки барои гандум ба Украина роҳсипор мешаванд. Русия нигарон аст, ки киштиҳо метавонанд, ба Украина аслиҳа баранд.

Ҳулусӣ Акар, вазири дифои Туркия, гуфт, дар натиҷаи гуфтугӯҳо нахустин қадами муҳим гузошта шуд. Ба гуфтаи вай, созиш мумкин аст, ҳафтаи оянда имзо шавад.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар таърихи 24-уми феврали имсол бандарҳои украинӣ дар баҳри Сиёҳ, аз ҷумла бандари Одесса ва Николаев баста шуданд ва бандари баҳри Азов аз сӯи Русия ғасб шуд. Бино ба баҳогузории коршиносони ғарбӣ, дар Одесса ва наздикиҳои он наздики 20 миллион тонна гандум ҷамъ шудааст.

Украина чорумин кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон аст ва соли 2021 қариб 45 миллион тонна ғаллаву донагӣ фурӯхтааст. Украина ба далели баста будани бандарҳояш наметавонад, гандумашро содир кунад.

XS
SM
MD
LG