Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Кореяи Ҷанубӣ 92 муҳоҷири меҳнатӣ фиристод


Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон рӯзи 11 июл бо қирғизистониҳое мулоқот кард, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ раҳсипор буданд.

Аз вазорати меҳнати Қирғизистон гуфтанд, 92 шаҳрванди ин кишвар дар доираи тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ барои кор ирсол шуданд. Айни замон 2 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд. Дар 15 соли охир вазорати меҳнати Қирғизистон дар маҷмуъ бештар аз 5 ҳазор қирғизистониро барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ ирсол кардааст.

Бозорбоев, вазири меҳнати Қирғизистон гуфт, ки ин вазорат бо Ҷопон, Бритониё ва Олмон барои ирсоли неруи корӣ созишнома имзо хоҳад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 1 млн 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар кишварҳои хориҷ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG