Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен як сабаби нооромиро дар Шри-Ланка гуфт


Коломбо, Шри-Ланка, 9-уми июли 2022
Коломбо, Шри-Ланка, 9-уми июли 2022

Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, маҳдудияте, ки Русия ба содироти гандуми Украина эҷод кард, эҳтимол, ба нооромиҳои Шри-Ланка сабаб шудааст.

Энтони Блинкен аз он ибрози нигаронӣ кард, ки ин вазъ метавонад, буҳронҳои дигарро дар ҷаҳон ба вуҷуд биорад.

Ҳар сол миллионҳо тонна ғаллаи Украина ба Африқо, Ховари Миёна ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон фиристода мешуд. Ба сабаби онки нерӯҳои Русия бандарҳои Украинаро дар Баҳри Сиёҳ муҳосира кардаанд, содирот бас шудааст.

Блинкен бори дигар аз Русия даъват кард, то бигузорад, тақрибан 20 миллион тонна ғалла аз Украина ба хориҷ содирот шавад.

"Он чизе, ки дар саросари ҷаҳон мебинем, афзоиши ноамнии ғизоӣ аст. Вазъ аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина ба таври қобили мулоҳиза бадтар шудааст," – гуфт Блинкен рӯзи 10-уми июл дар Бангкок ба хабарнигорон.

Дар пайи хашми мардум аз камбуди ғизо ва сӯзишворӣ дар Шри-Ланка, президент ва сарвазири он кишвар ба истеъфо розӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG