Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти рӯзноманигорон ва фаъолон дар Қароқалпоқистон


Қароқалпоқистон. Рӯзи 1-уми июл
Қароқалпоқистон. Рӯзи 1-уми июл

Додситонии кулли Узбекистон 14 нафар, аз ҷумла Давлатмурод Тоҷимуродов, рӯзноманигори фаъол дар Қароқалпоқистонро, барои "талоши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ" айбдор кард.

Лолагул Калихонова, рӯзноманигори дигар дар Нуқус, бо айби "анҷом додани амалҳое, ки ба амнияти ҷомеа хатар меорад", низ боздошт шудааст.

Додситонӣ хабар додааст, ки ин 14 нафар бинобар сабаби хатар доштан дар ҷомеа то содир шудани ҳукм дар боздошт мемонанд.

Дар оғози моҳи июл ҳазорон нафар дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистони Узбекистон, ба хиёбонҳо баромада эътироз карданд. Онҳо аз тарҳи тағйир ба конститутсияи Узбекистон, ки мустақилияти Қароқалпокистонро бекор мекард, норозӣ буданд.

Дар пахши ин тазоҳурот даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомоти узбек рӯзи 4-уми июл аз кушта шудани 18 нафар ва боздошти беш аз 500 нафар хабар доданд. Сокинон шумораи кушташудаҳоро бештар медонанд.

Ин тарҳи ҷанҷоли пас аз ин ҳодиса бекор шуд.

XS
SM
MD
LG