Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон қатъи интернетро дар Қароқалпоқистон шарҳ дод


Эътирозҳо дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон
Эътирозҳо дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, Интернет дар Қароқалпоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "хабарҳои дурӯғ" ва "ҷалби шаҳрвандон ба фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ" муваққатан қатъ карда шудааст.

Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, хабарҳое беасос паҳн мешаванд, ки ҳукумати Узбекистон гуё барои "пароканда кардани гирдиҳамоии осоишта", "хомӯш кардани садои мустақил ва бастани иттилоот" вазъи фавқулода эълом карда, ғайриқонунӣ аз нерӯ истифода кардааст.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон ҳодисаҳои рӯзҳои 1 ва 2-юми июлро дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон "кӯшиши ба ҳам задани сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва ягонагии он кишвар" номидааст.

"Гуруҳи ҷинояткорон бо баҳонаи эътироз бар зидди пешниҳодҳо ба тағйири Конститутсияи Узбекистон амалҳои зӯроварӣ ва задухӯрдҳо ташкил карда, кӯшиши ғасби биноҳои давлатиро намуданд", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Беназмиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд.

Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG