Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтанд, “Амир”-и канораҷӯи онҳо ба Кобул омадааст


Толибон хабар доданд, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон барои ширкат дар “Ҷиргаи калони олимони динӣ” ба Кобул омадааст.

То кунун касе чеҳраи Охунзодаро надидааст ва солҳо боз аз ӯ ҳеҷ аксе ҳам нашр нашудааст. Мухолифони Толибон иддао доштанд, ки ӯ зинда нест, вале Толибон гуфта буданд, ӯ дар Қандаҳор аст.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон эълон кард, ки “Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Имороти исломӣ дақоиқе пеш вориди Луи Ҷирга” дар Кобул шуд. Толибон соле пеш Афғонистонро тасарруф карданд ва Охунзодаро “Амиралмӯъмини Иморати исломии Афғонистон”, яъне раҳбари ҳукумати худ эълон карданд.

Агар ин хабар тасдиқ шавад, аввалин сафари раҳбари Толибон пас аз сари кор омадани ин гурӯҳ ба Кобул ҳисоб хоҳад шуд. Толибон борҳо хабар нашр карданд, ки Охундзода ба Қандаҳору Ҳилманд, Ҳирот, Фароҳ ва Урузгон сафар карда, бо мақомоти маҳаллӣ, уламои дин ва ришсафедон мулоқот кардааст, вале ҳеҷ навору аксе аз мулоқотҳо ба расонаҳо роҳ наёфт. Касе ҳам тасдиқ накард, ки дар мулоқот бо Ҳайбатуллоҳ ширкат кардааст.

Дар ин ҷалассае, ки ҳоло, ба гуфтаи Толибон, раҳбарашон ҳузур дорад, ҳазорон нафар аз олимони динӣ ва сарони қавмӣ иштирок доранд, то масоили муҳими миллӣ дар Афғонистонро баррасӣ кунанд. Аммо ин "ҷиргаи калони олимони динӣ" бе ҳузури занон ва намояндагони ақалиятҳои динӣ баргузор мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон ваъда дода буданд, ки як нишасти фарогири афғонӣ ташкил мекунанд.

Баъд аз чанд ҳафта норӯшанӣ дар мавриди барномаи ин ҳамоиш ва ширкаткунандагони он, ки Толибон онро "гирдиҳамои бузурги олимони дин" номиданд, ва пас аз интизориҳои зиёд, дар ниҳоят Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон дар остонаи ин ҳамоиш бархе ҷузъиятро баён кард.

Абдусалом Ҳанафӣ рӯзи 29-уми июн дар гуфтугӯ бо телевизиони миллӣ, ки зери идораи Толибон аст, гуфт, ки беш аз 2500 то 3000 тан дар нишаст иштирок хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорон дар мавриди низоми исломӣ, ваҳдати миллӣ ва амният, иқтисод ва масоили иҷтимоӣ баҳс хоҳанд кард. Оқои Ҳанафӣ ҳамчунин баён доштааст, ки дар ин ҳамоиш сиёсатмадорон ва тоҷирон низ иштирок мекунанд.

Гунҷонидани сиёсатмадорон ва тоҷирону соҳибкорон дар ҳайати иштироккунандаҳо нишон медиҳад, ки он мумкин аст танҳо як ҷаласаи суннатии олимони дин набошад ва то андозае монанд ба Луя Ҷирга бошад, ки муддатҳо пеш Толибон ваъдаи баргузории онро дода буданд.

Дар ҳоле, ки интизор меравад ҳамаи вилоятҳо ва ноҳияҳо ҳадди ақал се намояндагӣ бифиристанд, гуфта мешавад, ки онҳо аз сӯи Толибон интихоб мешаванд ва ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ намоянда нахоҳанд дошт.

Ба ин ҳамоиш ҳеҷ зане даъват нашудааст, аммо оқои Ҳанафӣ гуфт, ки онҳо "ба шакле ҳузур" доранд, зеро "писарони онҳо дар ин ҳамоиш иштирок хоҳанд кард".

Ҳедер Барр, масъули бахши занон дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар қабл аз баргузории ин ҳамоиш дар "Твиттер" дар вокуниш ба нишасти олимони дин дар рӯзи панҷшанбе навишт, "се ҳазор мард дар як толор баҳс мекунанд, ки занон чигуна рафтор кунанд".

Ӯ ҳамчунин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ошкор аст, ки Толибон фақат тарафдорони худро ба ин ҳамоиш даъват кардаанд. "Ин ба онҳо машруият намебахшад, зеро онҳо дигарон, ба вижа занонро, ки дар ин ҳамоиш иштирок надоранд, нодида гирифтанд".

Толибони зери раҳбарии паштунҳо бинобар ҳукумати истибдодии худ дар аввалин давраи ҳокимияташон дар солҳои 1996-2001 бадном буданд. Онҳо занонро дар хонаҳояшон маҳбус карданд ва онҳоро маҷбур карданд, ки либоси мавриди хости онҳоро бипӯшанд, мусиқӣ ва тафреҳро мамнуъ карда, мухолифон ва маҳкумшудаҳоро дар ҳузури умумӣ ба қатл мерасониданд.

Пас аз дубора ба қудрат расидан дар моҳи августи соли гузашта ва пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии Амрико, ки дар соли 2001 Толибонро аз қудрат барканор карда буданд, ин гурӯҳ худро муътадилтар нишон дод, дар ҳоле ки бисёре аз сиёсатҳои пешини худро бар асоси тафсири сахтгирона аз қонунҳои ислом бозгардонидааст.

Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки занон дар фаъолиятҳои худ ба маҳдудият рӯбарӯ шуда, ба пушидани ҳиҷоби мавриди хости Толибон маҷбур карда мешаванд. Мусиқӣ низ мамнӯъ аст ва ақалиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ монанди ҳазораҳо ва тоҷикҳон ва мухолифони сиёсӣ ва тарафдорони ҳукумати қаблӣ, озору азият мешаванд.

Таркиби иштирокдорони нишаст нигарониҳоеро ба миён овардааст, ки он асосан фиреби назар барои таъйид ҳукумати Толибон аст ва воқеан намояндаи мардуми Афғонистон нест. Хонум Ҳедер Барр, масъули бахши занон дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, "ман фикр намекунам, ки ин як ҳамоиши ҳамашумули гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ ва қавмӣ бошад".

Ҳангоме, ки нишаст дар рӯзи 30-юми июн дар толори Луя Ҷирга дар Кобул оғоз шуд, як нусха аз барномаи ҷаласаи рӯз, ки аз сӯи созмони Дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон дар "Твиттер" нашр шуд, бархе аз шубҳаҳоро таъйид кард. Масъалаи аввал дар дастури кор "ҳимоят аз ҳукумати Толибон" ва мавзуи дувум баҳси "ҳамкорӣ бо ҳукумати Толибон барои амният" буд.

Интиқоди дигаре, ки ба ин нишасти олимони динӣ матраҳ мешавад, ин аст, ки он пушти дарҳои баста баргузор мешавад ва ба расонаҳои озод иҷозаи пушиши он дода нашудааст. Толибон гуфтаанд, ки ин нишаст бо хости олимони динӣ баргузор шудааст ва онҳо дар ҳар мавзуе, ки хоста бошанд, баҳс мекунанд.

Ҳоло дида шавад, ки ин нишаст чӣ гуна хоҳад буд ва оё ончи қаблан гуфта шуд, барои бозкушоии мактабҳо барои духтарони аз синфи шашум боло тасмиме хоҳад гирифт ё не.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар суҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки масъалаи бозкушоии дубораи мактабҳо дар ин нишаст баҳс хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG