Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Номи туро шунидам, аммо туро надидам”. “Амири мӯъминон”-и Толибон куҷост?


Нишони сарисинагӣ бо акси Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Афғонистон.
Нишони сарисинагӣ бо акси Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Афғонистон.

Ҳузур пайдо накардани Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ҳукумати Толибон ва ҳеҷ тасвири наве аз ӯ нашр нашудан солҳо боз шубҳаовар буд, вале дар ҳашт моҳи ахир ин шубҳаҳо бештар шудааст.

Толибон моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд ва Охундзодаро “Амири мӯъминон” ё раҳбари олии ҳукуматашон эълон карданд. Аз он замон то кунун аз номи ӯ се фармон нашр шуд, вале ҳеҷ як фармон имзо надошт ва касе шарҳ надод, ки онҳо дар куҷо содир шудаанд.

Толибон борҳо хабар нашр карданд, ки Охундзода ба Қандаҳору Ҳилманд, Ҳирот, Фароҳ ва Урузгон сафар карда, бо мақомоти маҳаллӣ, уламои дин ва ришсафедон мулоқот кардааст, вале ҳеҷ навору аксе аз мулоқотҳо ба расонаҳо роҳ наёфт. Касе ҳам тасдиқ накард, ки дар мулоқот бо Ҳайбатуллоҳ ширкат кардааст.

Танҳо дар ҷараёни сафари Мулло Ҳайбатуллоҳ ба Қандаҳор, чанд намояндаи Толибон ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтанд, ки дар мулоқоти ӯ дар мадрасаи “Ҳакимия” ҳузур доштанд. Як садое ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки гуё аз Мулло Ҳайбатуллоҳ аст, вале тасдиқи дурустии он ҳанӯз даст надодааст.

Чаро раҳбари Толибон дар миёни мардум пайдо намешавад?

Посухи Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба ин суол содда ва такрорист. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар мавриди зоҳир шудани раҳбари Имороти исломӣ бояд бигӯям, ки он дар вақти лозима сурат хоҳад гирифт. Табъан, вазъи кунунӣ аз вазъи қаблӣ каме фарқ мекунад."

Аммо мардум мегӯянд, Толибон борҳо ваъда додаанд, ки раҳбари онҳо ба зудӣ дар назди мардум ҳозир мешавад, аммо ба ин ваъда вафо накарданд.

Матиулло Шаҳоб, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мегӯяд, агар воқеан Мулло Ҳайбатуллоҳ зинда аст, бояд назди мардум барояд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ғайр Толибон дурӯғгӯйтар хоҳанд шуд ва касе ба ҳарфашон эътимод нахоҳад кард.​

Оё “Амир-ул-мӯъмин”-и Толибон зинда аст?

Дар гузоришҳои нашршуда борҳо иддао шудааст, ки раҳбари Толибон зинда нест. Мақомоти ҳукумати Ашраф Ғанӣ низ борҳо гуфта буданд, ки раҳбари Толибон фавтидааст, вале Толибон инро ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардаанд.

Наҷиб Озод, сухангӯи собиқи раисиҷумҳур ва раҳбари ҷунбиши “Бовар”, гуфт, “фикр мекунам, ки раҳбари Толибон вуҷуд надорад ва ё зинда нест. Дар гузашта ва чанд моҳи ахир гузоришҳое низ нашр шудааст, ки " шахсе бо номи Мулло Ҳайбатулло зинда нест”.

Аммо сухангӯи ҳукумати Толибон Забеҳулло Муҷоҳид исрор меварзад, ки раҳбари онҳо зинда аст.​

Таъхир дар ташкили Шӯро

Илова бар ин, Толибон ваъда дода буданд, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳим, ки давоми ҳашт моҳи гузашта натавонистанд анҷом диҳанд, хеле зуд шӯро ташкил мекунанд.

Сайид Акбар Оғо, як мақоми собиқи Толибон гуфт, Толибон бо далели фишорҳои беруна ва мушкилоти дохилӣ натавонист Шӯро ташкил кунад. Ӯ гуфт, фикр намекунад, ки Толибон аз ҳар қавм намоянда ҷамъ кунанд ва Шӯро ташкил диҳанд, вале ба гуфтаи ӯ, ин корро бояд бинкунанд, чун ниёз аст.

Толибон ваъда карда буданд, ки 21-уми март мактабҳои духтаронаро боз мекунанд, вале пас аз чанд соати боз кардани мактабҳо онҳоро дубора бастанд. Масъулини Толибон гуфтанд, ки мактабҳоро барои мутобиқ набудан ба шароити исломӣ бо дастури Мулло Охундзода бастанд.

Ин тасмим нигарониҳоро ба бор овардааст, ки як нафаре, ки ҳанӯз дар назди мардум ҳозир нашудааст, тамоми тасмимҳоро дар бораи ояндаи Афғонистон мегирад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, гуфт, ки дар ҳукумати онҳо ҳар як бахш масъулияти худро дорад, аммо тасмимҳои бузургро раҳбари онҳо қабул мекунад.

Толибон ҳашт моҳи пеш Афғонистонро тасарруф карданд ва дар ин кишвар “Аморати исломӣ” эълон карданд. То ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG