Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ҷаласаи аввалин ҳукумати худро барпо карданд


Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"

Рӯзи 4-уми октябр аввалин ҷаласаи ҳукумати муваққати ”Толибон” аз замони ишғоли Афғонистон дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сухангӯйи ”Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дода, афзуд, ки маъмурияти ин ҷунбиши исломӣ нашри шиноснома ва корти ҳуввияти шаҳрвандони Афғонистонро аз сар хоҳад гирифт. Моҳи гузашта дар паи беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ”Толибон” ҳукумати худро таъсис доданд. Ягон кишвари олам ҳукумати онҳоро эътироф накардааст ва маълум нест, ки шиносномаҳо ва кортҳои ҳуввияти аз тарафи ”Толибон” нашршударо касе эътироф хоҳад кард ё не.

Дар нишасти рӯзи 4-ми октябр ”Толибон” боз чанд нафарро ба мақомҳои вазир ва фармондеҳи низомӣ таъйин намуданд. Ҳамин тариқ, рӯйхати 38 мансабдори тоза таъиншуда, ки мегӯянд, аз тарафи пешвои ”Толибон” мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба мақомҳояшон пешбарӣ шудаанд, интишор гашт. Аксари кулли онҳо рӯҳонӣ ва намояндаи қавми паштун буда, пешниҳодҳои ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони қавму миллатҳои гуногун ва аз ҷамла занонро нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG