Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал ҳамкорӣ, баъд ихроҷ? Вазъи созмонҳои шабакаи Оқохон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон фаъолияти Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздошта шуд. Ин муассиса бахше аз Шабакаи Оқохон аст, ки онро даҳсолаҳо пеш раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Карим Оқохони IV таъсис дода буд.

Ҳамкориҳои Душанбе ва ин шабака, ки чоряк қарн пеш аз як шарикии созанда оғоз ёфт, солҳои охир бад шудааст. Чаро чунин шуд ва ин чӣ пайомадҳо дошта метавонад?

Оҷонси назорат дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон кори “Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ”-ро боздошт ва иҷозатнома ё парвонаи фаъолияти онро пас гирифт. Ин хабар дар миёнаҳои моҳи март расонаӣ шуд ва то ҳол мақомот дар Душанбе онро шарҳ надодаанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи байналмилалии хусусии ғайритиҷоратист, ки фаъолияти он соли 2000-ум бар асоси созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аз як сӯ ва Шабакаи рушди Оқонхон ё Aga Khan Development Network (AKDN) аз тарафи дигар ба роҳ монда шуд. AKDN бо қароргоҳаш дар Аврупоро шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон (исмоилия - шохае аз мазҳаби шиа – таҳр.) таъсис додааст. Созишномаи таъсиси ин донишгоҳ дар СММ сабт шудааст. Ин донишгоҳ бояд ҳарсе бахши онро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон, Норини Қирғизистон ва Текелии Қазоқистон ба ҳам пайванд мекард. Донишгоҳҳо дар Хоруғу Норин амал мекунанд, тарҳи бинои донишгоҳ дар Текели таҳия, вале ҳанӯз сохта нашудааст. Соли 2023 вазири илму таҳсилоти олии Қазоқистон Сиёсат Нурбек гуфт, Остона тасмим гирифт, аз ин созишнома берун шавад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар изҳороте рӯзи 17-уми март гуфт, дар бораи кори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор аз ҷониби Оҷонси назорат дар соҳаи маориф огоҳинома гирифт.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ

"Донишгоҳ дар асоси натиҷаи баррасии мазкур барномаҳои таълимии марказҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон ногузир боздошт," – гуфта шудааст дар изҳорот. Дилбар Рӯзадорова, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гуфт, шогирдони муассиса огоҳонида шуданд, ки дарсҳо то огаҳии дигар боздошта мешаванд.

Вай афзудааст, "ин тасмим ба барномаҳои таълимии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин кори илмию тадқиқотии донишгоҳ таъсир нахоҳад расонд ва барномаҳои мазкур чун пештара идома хоҳанд ёфт".

Олия Муҳаммад, намояндаи дафтари AKDN дар Лондон дар шарҳи ин ҳолат таъкид кард, ки барномаҳои мактаб “баста не, муваққатан боздошта шудаанд” ва гуфт, дар Хоруғ марказ корашро аз сар гирифтааст. Вале омӯзгорони ин мактаб, ки ба рухсатӣ фиристода шудаанд, мегӯянд, дарсҳо дар мактаб танҳо барои хатми дарсҳои пулаш аз пеш пардохтшуда аз сар гирифта шудаанд.

Дар ин мактаб чӣ дарс медиҳанд?

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ кор мекард. Дар умум дар Тоҷикистон ҳафт чунин муассисаи таълимӣ амал мекард ва сетои он дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Танҳо дар Душанбе беш аз 1500 нафар таҳсил мекарданд.

Барномаҳои ин мактаб барои гирифтани донишҳои амалии мисли забонҳои хориҷӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, муҳосибот, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо созмон ёфта ҷавобгӯи бозори кор мебошанд. Ба иттилои донишгоҳ, дар беш аз 20 соли кори он дар Тоҷикистон беш аз 61 ҳазор нафар аз дарсҳои ин мактаб бархурдор шудаанд.

Лолаи 32-сола, ки дарсҳои забони англисии ин мактабро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст, мегӯяд, ин маълумот ба ӯ дар такмили ихтисоси баъдиаш дар соҳаҳои дигар мусоидат намуд. Ӯ гуфт, дар ин мактаб «беҳтарин омӯзгорон дарс медиҳанд. Ба шарофати ин дарсҳо ман ба магистратураи як донишгоҳи аврупоӣ дохил шудам ва ба ман аллакай як муассисаи илмӣ кор пешниҳод кард».

Бахтиёри 30-сола риштаи фанновариҳои компютериро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, донишҳои гирифтааш ба ӯ имкон дод, ки дар соҳаи фанновариҳои рақамӣ бо маоши хубе кор пайдо кунад. Ӯ гуфт, ин дарсҳо тақрибан «ягона имконияти гирифтани маълумоти амалӣ дар фурсати кӯтоҳ гардид».

Хабарнигори мустақил ва сиёсатшинос Хурсанд Хуррамов мегӯяд, «барои як кишваре, ки аз муҳоҷирати корӣ вобастагии сахте дорад, мунсифона бигирем, ингуна ташаббусҳо манфиат доранд: захираҳои инсонӣ бештар шуда, шаҳрвандон дар хориҷа имкони ҷустуҷӯи кори босифаттарро бо маоши беҳтар ба даст меоранд».

Хуррамов афзуд, чунин мактабҳо қисман мушкилоти сохторӣ дар мактабҳои миёна, бахусус дар минтақаҳоро ҷуброн мекунанд. Аз ҳамин хотир, асоснок кардани бастани ин барномаҳо бо далелҳои иҷтимоию иқтисодӣ мушкил аст. Ба эҳтимоли ғолиб, ингуна қарорҳо дар доираи мантиқи васеътари сиёсӣ қабул мешаванд, ки назорат бар шабакаҳои нуфуз, на муассирияти рушд дар авлавияти он қарор дорад».

«Ангезаҳои сиёсие, ки ошкоро гуфта намешаванд»

Хуррамов ба он ишора мекунад, ки мақомот ин қарорҳои худро ошкоро шарҳ намедиҳанд. Ӯ мегӯяд, «агар масъала танҳо дар вайрон шудани муқаррарот дар соҳаи маориф мебуд, давлат инро шарҳ медод. Сукут бисёр вақт аломати вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ аст, аз ин рӯ ошкор гуфта намешаванд».

Ин сиёсатшинос мегӯяд, таҳаввулоти ахир як қарори инфиродӣ нест, вале бахше аз ҷараёни калонест, ки солҳои охир дар Тоҷикистон мегузарад.

«Маълум аст, ки гап на дар бораи қарорҳои ҷудогона аст, балки як маъракаи танзимшудаи зидди шабакаи Оқонхон дар Тоҷикистон мебошад. Инро ҳодисаҳои солҳои охир собит мекунад. Шурӯъ аз соли 2022 мақомоти Душанбе тадриҷан барномаҳои ин созмонро мебанданд ва чанд муассисаи азимро ба ихтиёри давлат гузарониданд. Далели инро гӯё дар он мебинанд, ки онҳо солҳои 1990-ум ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шуда буданд. Дар шароити низоми сиёсии худкома ингуна амалҳо дар нисбати яке аз донорҳову сармоягузорони азими кишвар наметавонад берун аз сиёсат арзёбӣ шавад. Онҳо баёнгари тағйири муносибати давлат ба сохторҳои мустақил ваё нимамухтори таъсиргузор мебошанд. Аз ин рӯ, бале, бо эҳтимоли хеле зиёд мешавад дар бораи як сиёсати танзимшуда, на дар бораи қарорҳои инфиродӣ сӯҳбат кард».

Ингуна назарро намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳам баён мекунанд.

Лайло Саидбек, раҳбари созмони Freedom for Eurasia дар Вена
Лайло Саидбек, раҳбари созмони Freedom for Eurasia дар Вена

Лайло Саидбек, раҳбари созмони Freedom for Eurasia, ки дар Вена қарор дорад, мегӯяд, “ин амал чун як ҳолати ҷудогонаи бюрократӣ ба назар намерасад, балки як қадами дигаре барои аз фазои Тоҷикистон берун кардани сохторҳои вобаста ба AKDN мебошад”.


Аз ҳамкорӣ ба беэътимодӣ: тағйири муносибат

Дар аввал Душанбе ва шабакаи Оқохон робитаҳои хубе барпо карда буданд. Солҳои аввали ҳамкорӣ AKDN ба ҳайси як шарики калидии ҳукумат, бахусус дар ВМКБ баромад мекард. Ин вилоят, ки 44% қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад, як минтақаи камнуфус аст – ин ҷо 230 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанду 3,2%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Сокинони маҳаллӣ – помириҳо – асосан пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд. AKDN барои рушди зерсохторҳои иҷтимоӣ, энергетикӣ ва маорифи ин вилоят, ки захираҳои давлатӣ он ҷо маҳдуд будааст, нақши калоне бозидааст.

Бо гузашти вақт, ба гуфтаи Хурсанд Хуррамов, ду ҷараёни ҷудогона роҳ уфтод. Аз як сӯ, давлат тақвият ёфт ва манбаъҳои иловагии дастгирии молию сиёсӣ, пеш аз ҳама дар симои Чину Русияро ба даст овард. Аз сӯи дигар, низоми сиёсӣ бештар “мутамарказтар ва шахсгароёнатар” гардид ва ба ҳамин хотир ҳам, нисбат ба ҳама гуна дигар марказҳои таъсиргузор “боэҳсостар шуд”.

«Режимҳои шахсгароёна, одатан, ҳатто сохторҳои содиқ ба худро ҳам чун рақибони эҳтимолӣ арзёбӣ мекунанд, бахусус агар онҳо бо дороиву сармояи ҷиддии иҷтимоӣ ва эътимоди аҳолӣ бархӯрдор бошанд. Аз ин хотир нуфузи пешвои исмоилиҳои ҷаҳон – Оқохони IV метавонист ҳамчун як омиле арзёбӣ шавад, ки бояд мавриди назорат бошад”, гуфт ин сиёсатшинос.


Хурсанд Хуррамов, хабарнигори мустақил ва таҳлилгари сиёсӣ
Хурсанд Хуррамов, хабарнигори мустақил ва таҳлилгари сиёсӣ

Хурсанд Хуррамов гуфт, яке аз марҳилаҳои ҳалкунанда ҳодисаҳои моҳи августи соли 2012 дар ВМКБ буд, вақте Душанбе «амалиёти вижаи» зидди сохторҳои ҷиноиро ба роҳ монду гуфт, онҳо дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд. Он замон дар авҷи бӯҳрон даъвати Оқохони IV ба муколама ва хатми хушунат нақши баэътидоловарандаро бозид ва як бахши гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳро замин гузоштанд.

Ин коршинос мегӯяд, «ҳамин ҳодиса, эҳтимолан, вусъати нуфузи ӯро ба намоиш гузошт ва метавонист мавриди нигаронии сохторҳои қудратӣ гардад”. Дар айни замон, ба гуфтаи ин коршинос, бо вуҷуди интиқод аз ҷониби ҷомеаҳои маҳаллӣ, давоми солҳои дароз сохторҳои Оқохон дар Тоҷикистон ба ҳукумат садоқат нишон додаанд.

Карим Оқохони IV соли 1957 дар 20-солагиаш имоми 49-уми исмоилиҳо эълон шуд. Даҳ сол баъдаш Шабакаи рушди Оқохон – AKDN-ро таъсис дод. Намояндагиҳои ин созмон ба дастгирии тарҳҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар Африқо ва Осиёи Марказӣ машғул мебошанд. Худи Оқохон дар Аврупо зиндагӣ карда як шахси дунявӣ буд. Соли 2008 Forbes сарвати ӯро як миллиард доллар ҳисоб кардааст. Қисми ин пулҳо меросӣ мебошад, вале Оқохон бо тиҷорат ҳам машғул буд. Ӯ соли 2025 даргузашт. Писараш Шоҳраҳим пешвои имрӯзаи исмоилиҳои ҷаҳон мебошад.

Хуррамов мегӯяд, сохторҳои вижаи Тоҷикистон талош карданд созмонҳои вобаста ба AKDN-ро бо эътирозҳои ВМКБ пайванд бидиҳанд ва онҳоро чун манбаи сармоягузории эҳтимолӣ ваё ҳамоҳангсозии беназмиҳо талаққӣ диҳанд. Вале, ба гуфтаи сиёсатшинос, ҳеҷ далели боэътимоде нишон дода натавонистанд.

«Дар иваз, баҳонаҳои бештар расмии мисли иттиҳоми фасоду вайрон шудани қонун дар ҷараёни хусусигардонӣ ва дигар масоили хоҷагӣ пешкаш гардиданд. Ингуна баҳонаҳо бештар чун абзор барои аз нав тақсим кардани дороиҳову тақвияти назорати давлатӣ ба кор бурда мешаванд», гуфт ӯ.

Нозирон мегӯянд, маҳз баъди ҳодисаҳои соли 2022 дар ВМКБ тақвияти назорат аз болои сохторҳои Оқохон шурӯъ шуд. Он замон дар минтақа эътирозҳои серодаме гузашт ва мақомот бо шиори мубориза зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ амалиёте ба роҳ монданд. Расман гуфтанд, даҳҳо нафар кушта шуд, вале манбаъҳои ғайрирасмӣ шумори қурбониёнро ба маротиб бештар гуфтанд.

Солҳои баъдӣ дар мақоми як қатор созмонҳои вобаста ба AKDN тағйирот сурат гирифт: муассисаҳои таълимӣ ва тарҳҳои зербунёдӣ тадриҷан зери назари давлат гузаштанд. Ин иқдомҳо, ба бовари нозирон, бахше аз тағйироти ҷиддии муносибатҳои Душанбе ва сохторҳои AKDN гардиданд.

Соли 2024 ҳукумат созишномаи ҳамкорӣ бо AKDN-ро, ки барояш мақоми дипломатӣ дода буд, тамдид накард. Аз ин пеш, сентябри соли 2023 дар Хоруғ дар ҷои литсеи Оқохон "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор шурӯъ кард.

Имами исмоилиҳо Карим Оқохони IV дар Тоҷикистон. Апрели соли 2012
Имами исмоилиҳо Карим Оқохони IV дар Тоҷикистон. Апрели соли 2012

Чанд муассисаи вобаста ба AKDN, аз ҷумла қитъаҳои замини донишгоҳи Осиёи Марказӣ, меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ, инчунин Боғи марказии истироҳати ин шаҳр давлатӣ гардонида шуданд.

Бархе коршиносон мегӯянд, набояд паёмадҳои эътирозҳо дар ВМКБ ва тақвияти назорат бар шабакаи маърифатиро ба ҳам пайванд дод. Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи Human Rights Watch оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, пайванди мустақими байни ҳодисаҳои хунин дар минтақаву тағйироти муносибати Душанбе ба сохторҳои Оқохон мушкил аст. Ӯ мегӯяд, ба вазъият бояд фаротар нигарист. Аз моҳи маи соли 2022 дар Тоҷикистон маъракаи азими бастани созмонҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ шуд ва дар натиҷа, беш аз 500 созмон бо қарори додгоҳ ваё ихтиёрӣ аз байн бурда шуданд. Ин ҷараёнҳо ба гуфтаи Султоналиева, инчунин ба созмонҳое рабт гирифт, ки бо ВМКБ ва шабакаи Оқохон рабт доранд.

Ӯ инчунин дар бораи тадбирҳои дигаре ёдовар шуд, ки дар бораи сахттар шудани бархӯрди давлат далолат медиҳад: фишор ба марказҳои исмоилӣ, манъи ширкати варзишгарони ВМКБ дар Бозиҳои исмоилии соли 2025, бастану маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳо, инчунин муассисаҳои таълимию беҳдоштии вобаста ба Оқохон.

«Ҳамаи ин баёнгари муносибати сахттари Душанбе нисбати шабакаи Оқохон мебошад”, - гуфт Султоналиева ва афзуд, ки феълан маълум нест, то куҷо маҳз ҳодисаҳои ВМКБ барои ташаккули чунин мавқеъ таъсиргузор шудаанд.

Сабаб ва оқибатҳо

Лайло Саидбек аз созмони Freedom for Eurasia ба ин назар аст, ки зоҳиран мақомот дар Тоҷикистон шабакаҳои вобаста ба Оқохонро чун маркази алтернативии таъсиргузорӣ арзёбӣ мекунанд, ки зербиноҳои худ, робитаҳои байналмилалӣ ва эътимоди баланди аҳолӣ, бахусус дар ВМКБ-ро доранд.

Чунин мухторияти сохторӣ, ки соҳаҳои маорифу тиб ва рушди иҷтиморо дар бар мегирад, «ба таври мунсифона монополияи давлатро ба захираҳо, масъалаҳо ва садоқати шаҳрвандон маҳдуд мекунад». Дар шароити то рафт бештар тамаркуз ёфтани давлат ҳама гуна сохторҳои мустақилу нимамухтор, ки тавони созмон додани сармояи иҷтимоиро берун аз назорати давлат доранд, ҳамчун як таҳдиди эҳтимолӣ арзёбӣ мешаванд.

«Маҳз бо ҳамин сабаб берун кардани тарҳҳои AKDN-ро на ҳамчун вокуниш ба вайрон шудани қонун ё далелҳои расмӣ бояд арзёбӣ кард, балки ҳамчун стратегияи васеътари аз байн бурдани марказҳои ҷудогонаи нуфуз ва ҷорӣ кардани назорати пурраи сиёсӣ ва сохторӣ бояд дид», гуфт Саидбек.

Сийнат Султоналиева аз Human Rights Watch мегӯяд, ин ҷо нишонаҳои рӯйкарди бонизом аст. Бо ин кор, мақомот дар Тоҷикистон мехоҳанд нишон диҳанд, ки хусусияти робитаҳоро бо тарҳҳои бунёди Оқохон дигар мекунанд.

Агар дар гузашта ин ҳамкорӣ ҳамчун шарикии созанда намудор мешуд, солҳои охир, ба гуфтаи Султоналиева, муносибатҳо мушкилтар шуда, баёнгари афзоиши беэътимодӣ ва талоши маҳдуд кардани нуфузи ин шабака мебошанд.

Хурсанд Хуррамов дар робита бо тағйироти муносибати Душанбе ба AKDN омили идеологиро сабаб медонад. Исмоилиҳо, ки қисми калони сокинони ВМКБ-ро ташкил медиҳанд, як ҷомеаи диние мебошанд, ки пешвои ягонаи мазҳабӣ доранд ва дар дохили худ бисёр муттаҳид ҳастанд.

«Барои давлат ин чиз метавонад чун як раванди садоқати алтернативӣ арзёбӣ шавад, бахусус дар шароити таниш дар минтақа», гуфт Хуррамов.

Айни замон ӯ таъкид мекунад, ки ҷомеаи исмоилиҳо дар беш аз 25 давлати ҷаҳон ҳузур дорад ва сохторҳои Оқохон ба низоми миллии рушд ва ҳамкорӣ бо давлат ҳамоиш ёфтаанд.

Бино ба бархе маълумот, дар давоми сӣ соли охир ҳаҷми умумии сармояҳои AKDN аз як миллиард доллар гузаштааст. Ин чиз сардтар шудани муносибатҳоро бештар аён мекунад ва баёнгари на фақат тағйироти иқтисодӣ, балки тағйирот дар бартариҳои сиёсии давлат мебошад.

Дар умум, ба гуфтаи ӯ, рушди минбаъдаи муносибатҳои Душанбеву сохторҳои Оқохон аз табиати низоми сиёсӣ ва дараҷаи боз будани он ба шарикони берунаву дохилӣ вобаста хоҳад буд.

Раҳбари созмони Freedom for Eurasia Лайло Саидбек таъкид мекунад, ки Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои тавсеаи дастрасӣ ба таълим нақши муҳиме мебозиданд.

“Аз баста шудани ин барномаҳо пеш аз ҳама ҷавонону занон, сокинони ноҳияҳои дурдаст ва корҷӯён осеб мебинанд”, гуфт ӯ.

Сокини Душанбе Лола, ки хатмкардаи мактаби Оқохон аст, мегӯяд, агар ин муассисае, ки ба ӯ дарси забони англисӣ додаву барои ояндааш роҳ кушодааст, баста шавад, бисёр нороҳат хоҳад шуд. Ӯ гуфт, мардум дар Тоҷикистон «аз имкониятҳои нави рушд ва пешрафт маҳрум мешаванд».

Лайло Саидбек мегӯяд, эҳтимолан иқдомҳои ҳукумат фаротар аз танҳо маҳдуд кардани кори тарҳҳои таълимӣ бошанд. Ӯ гуфт, нақши барномаҳои AKDN барои беҳбуди соҳаи беҳдошт ва рушди зербиноҳо давоми даҳсолаҳо бисёр муҳим буд. «Дар оянда сифати таълим поин рафта дастрасӣ ба хадамот бадтар ва нобоварӣ бештар мешавад», гуфт Саидбек.

Дар пасманзари ин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегӯяд, бо мақомот дар Тоҷикистон ба хотири ҳалли мушкили иҷозатномаи фаъолият муколамаро идома медиҳад. Назари мақомоти ҳукумати Тоҷикистон маълум нест.


Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG