Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, Мулло Ҳайбатулло зинда аст ва суханронӣ кардааст


Акси Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон дар девори хиёбоне дар Кобул.

Толибон иддао доранд, ки Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари онҳо шаби гузашта дар як мадраса суханронӣ кардааст. Қаблан, хабарҳое дар бораи фавти ӯ нашр шуда буд.

Манобеи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаби гузашта Мулло Ҳайбатулло Охундзода ба мадрасаи Ҳакимия дар маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Қандаҳор рафта буд ва он ҷо суханронии кутоҳ дошт.

Раҳматулло Нуривол, як намояндаи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки садои суҳбати Охундзода нашр шудааст. Аммо садое, ки нашр шудааст, дуруст фаҳмида намешавад, ки ба кӣ таалуқ дорад.

Толибон ҳанӯз аз суханронии раҳбарашон акс ё видеое нашр накардаанд.

Бо гузашти се моҳ аз тасарруфи Афғонистон аз ҷониби Толибон раҳбари онҳо дар ҳеҷ ҷо дида нашудааст. Хабари ҳузури ӯ дар як мадраса аз ҷониби дигар манобеъ низ тасдиқ нашудааст. Хабарҳое нашр шуда буд, ки гуё Мулло Ҳайбатулло Охундзода зинда нест, вале ин хабарҳо ҳам ҳанӯз тасдиқ нашудаанд.

Толибон се моҳи пеш Кобулро тасарруф карданд. Онҳо Мулло Ҳайбатулло Охундзодаро раҳбари ҳукумати худ медонанд. Ҳанӯз ҳукумати ин гурӯҳро ягон кишвари ҷаҳон ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG