Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳои дипломати баландпояи чинӣ бо "Толибон"


Чин, 28-уми июли соли 2021. Мулоқоти ҳаммуассиси "Толибон" Мулло Абдулғанӣ Бародар ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И

Вазири корҳои хориҷии Чин, Ван И, дар Қатар аст ва, ба қавли мақомоти масъул, бо намояндагони “Толибон” дар Давҳа мулоқот мекунад.

Ван Венбин, сухангӯйи вазорат, дар нишасти матбуотии 25-уми октябр гуфт, дар музокироте, ки рӯзи 26-уми октябр ҳам идома мекунад, дар бораи вазъи Афғонистон ва масоили мавриди нигаронии муштарак табодули назар сурат мегирад.

Ӯ гуфт, мардуми Афғонистон “имкони таърихии таъини мустақилонаи сарнавишти кишварашонро доранд”, вале чолишҳо зиёд аст ва ин кишвар ба ёриҳои берунӣ ниёз дорад.

Венбин афзуд, Чин ҳамеша ба “муколама ва тамос ба хотири ба самти мусбат бурдани вазъ дар Афғонистон ва кумак барои раҳоӣ аз мушкилот даъват кардааст”.

Чин аз “Толибон” тақозо кардааст, ки гузаргоҳҳои сарҳадиро боз нигоҳ дорад. Дар иваз 31 миллион доллар кумак ва 3 миллион дона ваксинаи зидди COVID-19 тақдим кард.

Пекин аз “Толибон” тақозо дорад, ки дар Афғонистон як ҳукумати фарогир бисозад, вале дар бораи ҳуқуқи занону духтарон ва ҳам дастрасии онҳо ба кору таҳсил ва ё масоили ҳуқуқи башар чизе намегӯяд.

XS
SM
MD
LG