Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, Украина ба ҳамлаҳои бештари Русия омодагӣ мегирад


Владимир Зеленский ҳангоми сафар ба шаҳри Одесса
Владимир Зеленский ҳангоми сафар ба шаҳри Одесса

Дар остонаи як нишасти муҳими Иттиҳоди Аврупо дар бораи Украина, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, гуфт, мумкин аст, Русия ҳамлаҳоро барои ишғоли манотиқи шарқии кишвараш, бештар кунад.

Ӯ ҳангоми муроҷиати шабонаи видеоӣ дар рӯзи 19-уми июн гуфт, “ин ҳафта мо бояд бештар шудани амалҳои хасмонаи Русияро интизор бошем.” Владимир Зеленский гуфт, неруҳои низомии Украина омодагӣ мегиранд ва “омода ҳастанд.”

Украина чанд рӯз баъд аз ҳамлаи Русия, ки 24-уми феврал оғоз ёфт, барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо ариза дод ва айни корро баъдан Молдова ва Гурҷистон карданд. Ҳамлаи бедалели Русия ба Украина нигарониҳо аз таҳдиди он кишвар ба амнияти минтақаро бештар кард.

Раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар як нишасте дар Брюссел дархости се кишвар барои узвият дар ин хонаводаро баррасӣ мекунанд. Кумиссиёни Аврупо ҳафтаи гузашта тавсия дод, ки ба Украина ва Молдова мақоми номзад ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо дода шавад, вале гуфт, Гурҷистон бояд барои номзад шудан кору ислоҳоти зиёди дигар анҷом диҳад. Барои қабули кишваре дар Иттиҳоди Аврупо солҳои дароз лозим мешавад.

Суҳби 20-уми июн раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки низомиёни Русия бо истифода аз тӯпхонаву мушакҳо ба чанд шаҳри наздик ба Северодонетск ҳамла кардаанд ва ҳавопаймоҳои ҷангии Су-25 дар гирду атрофи шаҳракҳои Лиман, Шевченко ва Вугледар зарба задаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Русия ҳамчунин системаи мушакии маҳви ҳавопаймоҳо бо номи S-300V4 ба шаҳри Брянск наздик ба марзи Украина ҷойгир кардааст. Артиши Украина мегӯяд, ҷангҳо барои барқарор кардани назорат бар шаҳри Северодонетск идома дорад. Ба қавли фармондеҳони украинӣ, неруҳои Русия саъй доранд, монеи ҷобаҷогузории воҳидҳои ҷангии Украина дар чанд минтақа аз ҷумла Лиман, Авдеев ва Запорожйе шаванд.

Ҳадафи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ҳамла ба Украина роҳ надодан ба ҳамсоя ва кишвари собиқи шӯравӣ ба ҳамоиш бо Ғарб буд, вале барномаҳои ҷангиаш назар ба ончӣ ки тасаввур мекард, ба кундӣ пеш меравад.

Владимир Путин рӯзи 17-уми июн гуфт, ӯ ҳеч мухолифате ба узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо надорад, агарчӣ сухангӯи Кремл баъдан гуфт, ки бо назардошти ҳамкориҳои ахири низомии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия масъалаи узвияти Украинаро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ охири ҳафтаи гузашта гуфт, ҷанги Украина мумкин аст, “солҳо” идома кунад ва ин паймон бояд кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро идома диҳад, “ҳатто агар қимати он баланд бошад.”

XS
SM
MD
LG