Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми украинӣ гуфт, русҳо мехоҳанд дубора Харковро ба майдони ҷанг табдил диҳанд


Маҳалли бозори шаҳри Харков
Маҳалли бозори шаҳри Харков

Як мушовири вазорати корҳои дохилии Украина рӯзи 19-уми июн изҳори нигаронӣ кард, ки шимоли ин кишвар ва шаҳри дуюми калонтаринаш Харков дубора метавонад ба ҷабҳаи ҷанг табдил шавад. Вадим Денисенко дар сӯҳбат бо телевизиони миллӣ гуфт, ки қувваҳои душман талош доранд ба шаҳри Харков наздик шуда онро тирборон кунанд. Харков як шаҳри асосан русзабон буда, пеш аз шурӯи ҷанги васеъмиқёс дар таърихи 24-уми феврал дар он 1,4 миллион нафар зиндагӣ мекард. Ин шаҳр дар 30-километрии сарҳади Русия ҷойгир аст. Моҳи май мудофеони шаҳри Харков нирӯҳои русиро ба ақибнишинӣ водор карданд. Тибқи гузоришҳо, ҳафтаи гузашта русҳо тӯпхонаҳои худро дар атрофи Харков мустақар карданд. Созмони Amnesty International ҳафтаи гузашта гуфт, ки Русия “бомбаборони бебандубори шаҳри Харков”-ро ба роҳ монда, маҳаллаҳои аҳолинишинро ҳадаф қарор дод. Ба таъкиди Amnesty International, аксар ҳамлаҳо бо истифода аз силоҳҳои мамнӯъ анҷом шудаанд.

XS
SM
MD
LG