Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба узвияти фаврии Украина омодагӣ хоҳад гирифт


Нишасти хабарии сарони Иттиҳоди Аврупо ва президенти Украина дар Киев, 16 июни соли 2022.
Нишасти хабарии сарони Иттиҳоди Аврупо ва президенти Украина дар Киев, 16 июни соли 2022.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки дар доираи як сафар 16-уми июн ба шаҳри Киев рафтанд, хостанд, ба Украина мақоми номзадии узвият дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) фавран дода шавад. Ин нуктаро президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар нишасти хабарие дар Киев баён доштааст.

"Мо, чаҳор нафар, ҷонибдорем, ки ба Украина мақоми номзад ба узвияти ИА дода шавад. Фаронса интиқоли силоҳ ба Украинаро афзоиш медиҳад", - илова кардааст Макрон.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва сарвазири Итолиё Марио Драгӣ субҳи панҷшанбе вориди шаҳри Киев шуданд. Онҳо ба далели ҷанг тавассути қатора рафтанд. Драгӣ низ гуфтааст, ки мехоҳад, Украинаро ҷузъи ИА бинад. Вай афзудааст, ки идеяи таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украинаро пурра ҷонибдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи садри аъзами Олмон, Берлин Киевро то даме, ки зарур аст, дастгирӣ мекунад. Ӯ илова карда, ки Олмон 800 ҳазор гурезаи украиниро қабул карда, ҳамчунин ба Киев кумаки молию низомӣ мекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский бори дигар ба аҳамияти аслиҳаи Ғарб барои артиши кишвараш таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, Русия танҳо ҷанг мехоҳад.

XS
SM
MD
LG