Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, на Косоворо эътироф мекунанд, на "ДНР" ва "ЛНР"-ро


Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин
Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар як нишасти байнулмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург гуфт, кишвараш истиқлоли ба истилоҳ "Ҷумҳурии Мардумии Донетск" (ДНР) ва "Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск" (ЛНР)-ро эътироф намекунад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки истиқлоли ин ду минтақаро аз Украина ба расмият шинохтааст, низ дар нишаст буд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ин бора рӯзи 17-уми июн ва дар ҷавоб ба суоли онки мавқеи Қазоқистон ба амалиёти ба истилоҳ вижа дар Украина чист, гап зад.

Ӯ дар оғоз гуфт, дар Қазоқистон дар бораи ҷанг дар Украина дидгоҳҳои гуногун вуҷуд доранд, чун онҷо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешрафта аст.

Тоқаев дар идома гуфт: "Агар ҳуқуқи миллатҳо ба худмуайянкунӣ татбиқ шавад, он гоҳ дар рӯйи замин ба ҷойи 193 давлат зиёда аз 500-600 давлат ба вуҷуд хоҳад омад. Бесарусомонӣ хоҳад шуд. Ба ин далел, мо на Тайванро эътироф мекунем, на Косово, на Осетияи Ҷанубӣ ва на Абхозистонро. Ин усул ба қаламравҳои ба ном давлат, ки ба назари мо, Луҳанск ва Донетск мебошанд, низ татбиқ хоҳад шуд."

Суханони ӯ бо андешаи раисиҷумҳури Русия дар ҳоли ҷанг буд. Путин каме пештар изҳор дошта буд, ки "ДНР" ва "ЛНР" маҷбур набуданд, аз ҳукумати Украина "иҷоза" пурсанд.

Раисиҷумҳури Русия рӯзи 21-уми феврали имсол ва ҳамагӣ се рӯз пеш аз ҳамлаи бебаҳонаи кишвараш ба Украина истиқлоли ба ном "ДНР" ва "ЛНР"-ро ба расмият шинохт.

Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Ҳоло қисмати бештари вилояти Луҳанск дар Украина зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав қарор дорад. Дар вилояти Донетск танҳо қисман ҷудоиталабон ҳукумат доранд. Барои пурра зери назорат гирифтани ҳарду минтақа нерӯҳои Украина ва Русия мубориза доранд.

Русия соли 2014 назарпурсӣ анҷом дод ва Қриму Севастополро ҳудуди Русия эълон кард. Украина ин минтақаҳоро хоки худ медонад ва аксар кишварҳои дунё низ Қримро дар ҳайати Русия эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG