Президент Владимир Зеленский дар пайи як сафари корияш ба вилоятҳои Одесса ва Миколаев гуфт, ки Украина қаламравҳои ишғолшудаи худро бармегардонад.
"Ман аз ҷануб бармегардам. Ман ба худи Миколаев ва вилояти Одесса сафар карда, бо ҳимоятгарони мо — низомиён, пулис, аскарони горди миллӣ ва мудофиа сӯҳбат кардам. Ҳамаи онҳо ба ғалабаи мо шубҳа надоранд. Раҳмат барои хидмату ҳифзи давлати мо. Ба падару модари чунин фарзандони шуҷоъ миннатдорӣ баён мекунам. Воқеан хеле қавӣ... Мо ҷанубро ба касе намедиҳем, ҳама чизеро, ки аз они мост, бармегардонем ва баҳр аз Украина ва амн хоҳад буд”, - гуфт Зеленский дар паёми видеоияш субҳи якшанбе.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Украина пештар хабар дода буд, ки Владимир Зеленский 18-уми июн ба шаҳри ҷанубии Миколаев рафт. Ин шаҳр дар ҷараёни задухӯрдҳо сахт осеб дидааст.
"Президент бинои ҳукумати Миколаевро дид, ки бар асари зарбаи мушакии нерӯҳои Русия вайрон шудааст," – омадааст дар баёнияи расмӣ.
Ин сафари камсобиқаи Зеленский ба беруни Киев аст.
Миколаев дар ҷануби Украина ва дар роҳ ба бандари муҳими Одесса дар Баҳри Сиёҳ ҷойгир аст.