Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони ҷавони тоҷик ба Бишкек мераванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола, ки рӯзҳои 19-26-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал аст, ки қувваозмоиҳо аз рӯи ду дараҷаи синну сол дар як вақт доир мегардад.

Ба
ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон дохиланд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола рӯзҳои 19-22-юми июн ва миёни ҷавонони то 23-сола аз 23-юм то 26-уми июн баргузор мешавад.

Аъзои дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ дар Бишкек:

Гуштии юнонӣ-румӣ


Наврасони то 17-сола


1. Нодир ТУРСУНЗОДА (55 кг)
2. Ҳусейн ҲАСАНОВ (60 кг)
3. Суннат АБДУЛЛОЕВ (65 кг)
4. Ансор РАҲМАТЗОДА (92 кг)
5. Акрами ҶАҲОНГИР (110 кг)

Ҷавонони то 23-сола
1. Асламҷон АЗИЗОВ (55 кг)
2. Ҳабибҷон ЗУҲУРОВ (77 кг)

Гуштии озод


Наврасони то 17-сола
1. Нисориддин РАҲИМЗОДА (60 кг)
2. Муҳаммадфотеҳ ОЛИМОВ (65 кг)
3. Муҳаммадамин АБДУЛЛОЕВ (80 кг)

Ҷавонони то 23-сола

1. Мустофа АҲМАДОВ (70 кг)
2. Саидасан АШРАФХОНОВ (74 кг)
3. Сомон ИКРОМОВ (79 кг)
4. Файз ФАЙЗЗОДА (97 кг)

XS
SM
MD
LG