Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия "Макдоналдс"-и "худӣ"-ро фаъол карданд. ВИДЕО


Оё "Вкусно" ҷойи Mcdonald's-ро мегирад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Оё "Вкусно и точка" ҷойи ошхонаи маъруфи Mcdonald's-ро гирифта метавонад?

12-уми июн, замоне ки мардуми Русия рӯзи истиқлоли ин кишварро ҷашн мегирифтанд, шабакаи ошхонаҳои фастфуд ё "зудпаз"-и Макдоналдс бо номи "Вкусно и точка" дари худро кушод. Як моҳ пеш ин шабакаи маъруфи ошхонаҳои амрикоӣ бо ишора ба таҷовузи Русия ба хоки Украина иброз дошт, ки фаъолияташро дар Русияро бас мекунад.

Олег Пароев, ки зимистони соли равон мудир-омили Макдоналдс дар Русия таъйин шуда буд, дар шабакаи нави маҳаллӣ ҳам ифои вазифаашро идома медиҳад. Ӯ гуфт, "то охири моҳи июн наздик ба 200 ошхона фаъол мешавад. Ин раванд то охири тобистон давом хоҳад кард ва мо дар тамоми минтақаҳо муассисаҳоямонро дубора фаъол мекунем."

Молики "Вкусно и точка" сарватманди рус Александр Говор умедвор аст, ки муштариён шабакаи нави ғизои зудпазро хуш қабул мекунанд.

Ходимони шабакаи нав мегӯянд, намуди дохилии ошхонаҳои Макдоналдсро тағйир намедиҳанд, вале ишораҳо ба номи кӯҳнаро комилан аз байн мебаранд. Маросими ботантанаро нафаре бо лавҳаи "Бигмакро баргардонед!" халалдор кард. Ӯ номи гамбургери маъруфи Макдоналдсро зикр намуда, мухолифаташро ба шабакаи нав ба ин тарз намоиш дода ва мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифт.

Коршиносон ифтитоҳи шабакаи нави ғизоиро ҳамчун имтиҳони тобоварии Русия ба таҳрими кишварҳои ғарбӣ меноманд. Ифтитоҳи аввалин ошхонаҳои Макдоналдс дар солҳои навадуми асри гузашта, дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун рамзи хатми Ҷанги Сард арзёбӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG