Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои Русия ба Лисичанск, таркиш дар “Азот” ва задухӯрд барои Северодонетск


Корхонаи кимиёвии "Азот" дар Северодонетск, 9-уми июни 2022
Корхонаи кимиёвии "Азот" дар Северодонетск, 9-уми июни 2022

Нерӯҳои Русия рӯзи 12-уми июн бо тӯпхонаҳо ба шаҳри Лисичанск, дар шарқи Украина, зарба задаанд. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои украинӣ дар Северодонетск ба задухӯрдҳои кӯча ба кӯча идома дода, кӯшиш доранд, талошҳои Русияро барои ишғоли пурраи шаҳр суст гардонанд. Задухӯрд барои Северодонетск ҳафтаҳо боз идома дорад.

Волии Луҳанск Сергей Ҳайдай рӯзи 12-уми июн дар паёми Telegram навишт, Лисичанск зери ҳамлаҳои шадиди тӯпхонаҳо қарор дорад. Лисичанск дар соҳили дарёи Северский Донетс, дар ҷанубу ғарби шаҳри Северодонетск, ҷойгир аст.

Ҳайдай гуфт, нерӯҳои Русия ҳудуди 90 дарсади шаҳрро зери назорат доранд, вале Ситоди кулли Украина дар баёнияе гуфтааст, нерӯҳои украинӣ дар чанде аз минтақаҳо истодагарӣ мекунанд.

Рӯзи 11-уми июн дар корхонаи кимиёвии "Азот" дар Северодонетск таркиш рӯй дод ва сӯхтор то шом давом кард. Ҳайдай гуфт, садҳо нафар дар ин корхона паноҳ бурдаанд.

Ҷангҷӯёни тарафдори Русия гуфтанд, атрофи "Азот"-ро иҳота кардаанд ва иддао доранд, ки муҳофизони украинӣ дар он ҷо банд мондаанд. Родион Мирошник, як масъули ончи ҷудоихоҳон “Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск” меноманд, дар Telegram навишт: "Ҳама роҳҳои фирор барои онҳо баста шудааст."

Ин иддаоро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG