Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадали Чину Амрико дар бораи Тайван


Ллойд Остин
Ллойд Остин

Вазири дифои Амрико, Ллойд Остин, фаъолиятҳои низомии Чинро дар наздикии Тайван танқид кард. Пекин имсол ба минтақаи дифои ҳавоии Тайван даҳҳо ҳамла анҷом дод.

Вазири дифои Чин, Вей Фэнге, рӯзи 10-уми июн ҳушдор дод, ки дар сурати эълони истиқлоли Тайван, Чин омода аст, ба ҷанг биравад.

Ллойд Остин рӯзи 11-уми июн ҳангоми суханронӣ дар нишасти амниятии Шангри-Ла дар Сингапур, ки вазирони дифои кишварҳои Осиё ва ҷаҳон ҳузур доштанд, гуфт: “Мо шоҳиди афзоиши фаъолиятҳои низомии иғвогарона ва бесуботкунанда дар наздикии Тайван ҳастем.”

Чин Тайванро бахше аз хоки худ медонад, ки дар сурати зарурӣ бояд бо зӯр тасарруф шавад. Тайван мегӯяд, кишвари мустақил аст ва аз озодиҳо ва демократияи худ дифоъ мекунад ва Чинро масъули танишҳо медонад.

XS
SM
MD
LG