Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима басту раҳо кард


Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар вилояти Бодканди Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гуноҳи убури ғайриқонунии сарҳад ҷарима баста, сипас раҳо кардааст. Ҳукм 3-юми июни имсол содир шуд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи Бодканд рӯзи 6-уми июн ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳар кадом) ба пардохти 50 ҳазор сомӣ, муодили 7 ҳазор сомонӣ, вазифадор шудаанд.

Ин афрод аз деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳастанд. Назари худи онҳо ба қазия маълум нест.

Ба иттилои манобеи расмӣ, онҳо 13-уми майи имсол дастгир шудаанд. Баъзе аз сокинони ноҳия гуфтанд, “аз 29-уми апрели имсол бедарак буданд”. Мақомоти Тоҷикистон на боздошт ва на ҷаримаву озодии 11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро шарҳ надодаанд.

Як сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳия моҳи май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин афрод дар кони ангишти Сукултаи Қирғизистон кор мекарданд ва "ҳар субҳ рафтаву шаб бармегаштанд".

Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли охир ва дар пайи бад шудани равобит боздошту ҷарима ва ҳабси шаҳрвандони якдигарро бештар кардаанд.

Қирғизистон чанд зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро ба муддатҳои дарози зиндон маҳкум кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон ба гуноҳи убури ғайриқонунии марз боздошту муҷозот шуданд. Намояндагони сафорати Қирғизистон моҳи май бо шаҳрвандони зиндонии он кишвар дар Тоҷикистон вохӯрданд, аммо шумораи дақиқи онҳоро нагуфтанд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, бар сари муайяну нишонагузории сарҳад ба мувофиқа намерасанд. Аз 970 километр сарҳад бахше аз он номуайян аст.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ зуд-зуд муноқишаи сокинон ва марзбонони ду тараф сабт мешавад. Дар низоъҳои ду соли охир аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо манзилу иншоот сӯхтаву вайрон шудаанд. Анҷоми зудтари нишонагузории қитъаҳои баҳсиро роҳи муҳими хатми хушунатҳо мегӯянд.

XS
SM
MD
LG