Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ройдиҳӣ дар Қазоқистон. Чиро иваз мекунанд?


Қазоқистон, 5-уми июни соли 2022
Қазоқистон, 5-уми июни соли 2022

Дар Қазоқистон ройпурсӣ ё референдум барои ислоҳи Конститутсия ё Қонуни асосии он кишвар идома дорад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури он кишвар гуфт, "идораи президентӣ"-ро ба “порлумони бонуфуз” тағйир хоҳанд дод.

Бар асоси ройпурсии 5-уми июн ба Конститутсияи Қазоқистон беш аз панҷоҳ ислоҳ ворид хоҳанд кард.

Ин тасмим пас аз ҳодисаҳои хунбори моҳи январи имсол дар Алмато ва гӯшаҳои дигари Қазоқистон сурат мегирад.

Дар пайи он нуфузуи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури пешини Қазоқистон ва пешвои миллии он кишвар коҳиш ёфта, пайвандонаш аз мансабу тиҷоратҳои муҳим ронда шуданд.

Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, пас аз панҷ соати овоздиҳӣ тақрибан 44 дарсади мардум дар референдум ширкат карданд. Барои пазируфтани ислоҳҳо иштироки беш аз 50 дарсади афроди қобили рой зарур аст.

Мухолифони ҳукумат аз Тоқаев хостаанд, ройпурсиро ба таъхир гузорад, чун “мардум барои баррасии ислоҳҳо вақти кофӣ надоштанд”. Дигарон талаб доранд, ки овоздиҳӣ пурра бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG