Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 107 муҳоҷири тоҷику узбекро ихроҷ кард


Додгоҳи шаҳри Маскав амр додааст, 107 шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистонро, ки дар яке маҳаллаҳои шаҳр бо ҳам занозанӣ карданд, аз Русия ронда шаванд.

Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Троитский рӯзи 1-уми июн дар вебсайти расмии он нашр шуд.

Додгоҳ муҳоҷирони кории тоҷику узбекро ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, фармон додааст, то замони берун кардани онҳо аз Русия ҳадди аксар то 90 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта шаванд.

Ҷанҷолу занозанӣ байни муҳоҷирон моҳи апрели имсол дар яке аз сохтмонҳои Маскав сурат гирифт ва дар видеоҳои аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки чӣ гуна онҳо бо истифода аз калтаку арматура ҳамдигарро мезананд.

Сабаби сар задани даъвову муноқиша маълум нест, вале расонаҳои Русия навиштаанд, ки сабаб бадзабонии як муҳоҷири тоҷик будааст, ки ҳамкори узбеки худро аҳмақ номидааст. Назари вакилони дифои муттаҳамон маълум нест.

XS
SM
MD
LG