Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтар


Сӯхтор дар бозори "Фаровон". Акс аз навори шабакаҳои иҷтимоӣ
Сӯхтор дар бозори "Фаровон". Акс аз навори шабакаҳои иҷтимоӣ

Бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, шаби 1-уми июн оташ гирифт.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, алангаи оташ хеле баланд аст. Мақомот сабабҳои сӯхторро нагуфтаанд. Хабарнигори тоҷик, Носирҷон Маъмурзода, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки оташнишонҳо дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG