Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гумонҳоро дар бораи бемории Путин рад кард


Вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 30-юми май овозаҳоро дар бораи бемории Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар, рад кард. Сергей Лавров гуфт, ҳеч нишонае, ки ба бемории Путин далолат кунад, вуҷуд надорад.

Ду ҳафта пеш раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, генерал Кирил Буданов, иддао кард, ки Путин "сахт бемор аст" ва мансабдорони баландпояи норозӣ аз сиёсатҳои ӯ "аллакай барои аз қудрат ронданаш омодагӣ мегиранд".

Вазъияти саломатӣ ва зиндагии хусусии раисиҷумҳури Русия аз мавзуъҳои мамнуъ дар ин кишвар аст ва дар расонаҳо дар ин бора кам суҳбат мешавад.

Дар рӯзҳои ахир баъзе гузоришҳо дар мавриди гирифтории Владимир Путин ба "саратони пешрафта" нашр шуда буд ва гуфта мешавад, табибон ба ӯ гуфтаанд, аз ду то се соли дигар имкони зинда мондан надорад.

Сергей Лавров ба шабакаи телевизионии яки Фаронса гуфтааст, "фикр намекунам, ҳеч фарди оқиле нишонае аз беморӣ ё нохушӣ дар ӯ бубинад". Вазири корҳои хориҷии Русия афзуд, Путин, ки дар моҳи октябр 70-сола мешавад, "ҳар рӯз" дар пеши чашми мардум зоҳир мешавад.

Як манбаи истихборотии Русия ахиран гуфта буд, ки Путин бинобар беморӣ ҳамчунин дар ҳоли аз даст додани биноияш мебошад, ӯ ба хотири тарс аз эътироф ба заъф, аз айнак пӯшидан худдорӣ мекунад ва ахиран "хашми худро контрол карда наметавонад ва ба зердастонаш ҳамла мекунад".

Як филмсози маъруфи амрикоӣ низ чанд моҳ пеш иддао карда буд, ки раисиҷумҳури Русия қаблан гирифтори саратон буд, аммо фикр мекунад, ки акнун шифо ёфтааст.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Ҷанг то кунун ҳазорон кушта ва миллионҳо овора бар ҷой гузошт ва боиси он шуд, ки Амрико ва муттаҳидони он таҳримҳои сахте алайҳи Маскав ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG