Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буданов иддао кард, ки Путин "сахт бемор аст". Кремл аз солимии ӯ мегӯяд


Владимир Путин дар паради бахшида ба 77-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ. Маскав, 9-уми майи 2022
Владимир Путин дар паради бахшида ба 77-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ. Маскав, 9-уми майи 2022

Раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, генерал Кирил Буданов, иддао дорад, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин "сахт бемор аст" ва мансабдорони баландпояи норозӣ аз сиёсатҳои ӯ "аллакай барои аз қудрат ронданаш омодагӣ мегиранд".

Буданов дар ин бора дар мусоҳиба бо телевизиони бритониёии Sky News изҳорот дод. Ба қавли вай, "Путин мубталои бемории саратон аст", вале манбаи изҳороташро дар бораи вазъи саломатии раисҷумҳури Русия фош накард.

Кирил Буданов дар ин суҳбат пешбинӣ кардааст, ки задухӯрдҳо миёни Русия ва Украина то охири имсол идома ёфта, нуқтаи авҷаш моҳи август фаро хоҳад расид.

Ба қавли раиси Хадамоти истихбороти низомии Украина, дар пайи ҷанг, Киев назорат бар тамоми қаламравҳои аздастрафтаашро, аз ҷумла дар Донбас ва Қрим, дигарбора ба даст хоҳад овард.

Рӯзномаи "Таймс" низ рӯзи 14-уми май дар бораи мушкили саломатии Владимир Путин хабар дод. Нашрия ба сабти суҳбате ишора кардааст, ки гуё моҳи марти имсол миёни як олигархи рус ва сармоягузори ғарбӣ анҷом шудаву онро маҷаллаи амрикоии New Lines ба даст овардааст.

Дар ин суҳбат тоҷири рус иддао кардааст, ки "Путин аз саратони хун ранҷ мекашад".

Чанде пеш пойгоҳи "Проект" таҳқиқотеро нашр кард, ки бинобар он табибон, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои онкологӣ, бавижа саратони сипаршакл, ба "хабаргирӣ"-и Путин мераванд.

Нишастани ғайримуқаррарии Путин дар дидор бо вазири мудофиаи кишвараш, Сергей Шойгу, дар моҳи апрели имсол таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб карда буд.

Дар Кремл дар бораи вазъи саломатии Путин изҳори назар намекунанд ва ё мегӯянд, ки президент солиму бардам аст. Путин дар миёни мардум зиёд пайдо намешавад, аммо ҳафтаи гузашта дар Иди 9-уми май дар Маскав ва чанд вохӯрӣ иштирок кард.

Владимир Путин 69-сола аст. Тибқи ислоҳ ба Конститутсияи Русия, ки бо ташаббуси ӯ қабул шуд, дар сурати дубора интихоб шудан, метавонад, то соли 2036 дар қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG