Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Кумисюни тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон


Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 30-юми май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумисюни муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мешавад.

Ҷаласа бо иштироки нахуствазирони Тоҷикистону Узбекистон – Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҷараён хоҳад гирифт.

Хабаргузории расмии “Ховар” навишт, ҳайате ба раҳбарии Орипов рӯзи душанбе вориди Тоҷикистон шудааст. Қабл аз ҷаласа “мулоқоти хос"-и Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов барпо мешавад.

Дар баробари ин қарор аст ҳайати Узбекистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли обу машруботи «Сиёма» ва «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе шинос шаванд.

Равобити Тоҷикистону Узбекистон аз соли 2018, баъд аз ду соли даргузашти президенти собиқ Ислом Каримов тағйир ёфт ва ду кишвар ҳамкориҳои васеи тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ мондаанд.

Мақомот мегӯянд, агар соли 2017 гардиши савдо миёни ду ҳамсояи наздик 70 миллион долларро ташкил дод, дар соли 2020 ин рақам ба 500 миллион доллар расид.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда бо Тоҷикистон имкон медиҳад, ки гардиши савдо байни кишварҳо дар соли 2022 ба 1 миллиард доллар бирасад.

XS
SM
MD
LG