Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маъмури интизомӣ тасдиқ кард, ки дар Рӯшон беш аз бист кас кушта шудаанд. ВИДЕО


Эътироз дар Рӯшон. Акс аз соли 2020

Як корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯшон рӯзи 20-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар ҷараёни "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон 21 кас кушта шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати танҳо 8 сокини маҳаллӣ гузориш дод.

Баъзе аз мусоҳибони мо дар ноҳияи Рӯшон бовар доранд, шумораи қурбониён зиёд аст. Онҳо рӯзи 19-уми май дар бораи гирифтани дастикам 21 ҷасад хабар дода буданд. Ба сабаби набудани интернет ва дуруст кор накардани хати телефон дар ВМКБ, тасдиқ кардани дурустии ҳамагуна иттилоъ ғайримумкин аст.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва пас аз он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро ба доштани силоҳу муҳиммот муттаҳам карданд. Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд.

Як намояндаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯшон рӯзи 20-уми май гуфт, "вазъ феълан ором аст" ва "мактабу идораҳои ноҳия, ки рӯзҳои ахир баста буданд, ба кор шурӯъ карданд".

Мардум рад намекунанд, ки рӯзи 20-уми май "дар ноҳия оромӣ аст", вале мегӯянд, "зери тарсу фишори равониянд ва бештар барои пайдо кардани наздиконашон мушкилӣ доранд." Дар рӯзҳои амалиёт даҳҳо нафар боздошт шуданд ва наздиконашон аз сарнавишти онҳо дарак надоранд. Азбаски ҳамчунон интернет нест ва алоқаи мобилӣ ҳам дуруст кор намекунад, сокинон аз хориҷи кишвар барои тамос бо пайвандон мушкил доранд.

Дар ноҳияи Рӯшон оромии нисбӣ ҳукмфармо шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Ба иттилои як ҳамсуҳбати мо дар ШКД-и ноҳия, ки нахост, номаш зикр шавад, "тафтишот нисбати ҷавононе, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат кардаанд, оғоз шуд." "Дар ҳайати муфаттишон кормандони Шуъбаи умури дохилӣ низ ҳастанд. Нисбати тахминан 15 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 40 нафари дигар ҷарима карда мешаванд," – афзуд ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 114 нафарро дастгир карданд. Мардум аз он норозиянд, ки намояндагони мақомот хона ба хона гашта, асосан мардону ҷавононро мекобанд.

Аз 16-уми майи имсол, замони эътирози даҳҳо нафари норозӣ дар Хоруғ, ки истеъфои ду мансабдори маҳаллиро мехостанд, вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон печида аст. Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ 1 нафар кушта ва 3 кас захмӣ шуда, дар ноҳияи Рӯшон 9 нафар, аз ҷумла як афсар кушта ва 24 нафар, аз ҷумла 13 нерӯи давлатӣ маҷруҳ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Мақомот мардуми норозиро ба "узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона" айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 19-уми май гуфт, аз хушунату хунрезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нигарон аст ва аз тарафҳо хостааст, вазъияти ҳозираро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Амрикову Фаронса ва Олмону Бритониё низ дар баёнияе дар пайванд ба рӯйдодҳои Бадахшон ибрози нигаронии амиқ карда, ҷонибҳоро ба оштӣ хонданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хост, иллати хушунатро дар эътирозҳои ахир баррасӣ карда, масъулони онро мавриди бозхост қарор диҳад. Созмон ҳамчунин аз мақомот давъат кард, ба озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот, аз ҷумла, дастрасӣ ба интернет ва ҳаққи эътирози сулҳомез, эҳтиром бигузоранд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба баёниҳо посух надодаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG