Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Созмони Милал аз хушунат ва талафоти ҷонӣ дар Бадахшон


Стефан Дуярич, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид
Стефан Дуярич, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гузоришҳо дар бораи афзоиши ташаннуҷ ва хушунат, аз ҷумла талафоти ҷонӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, изҳори ташвиш кардааст.

Дар ин бора Стефан Дуярич, сухангӯйи Созмони Милал, рӯзи 19-уми май дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дабири кул тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карда, хостааст, тамоми кӯшишро барои ба таври осоишта ҳал кардани вазъияти ҳозира ба кор баранд.

"Созмони Милали Муттаҳид вазъро бодиққат пайгирӣ хоҳад кард," – гуфтааст ӯ.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG